БАОР амнияти озуқавории Тоҷикистонро арзёбӣ кард: фақат ғалладонаву шакар ва равған намерасад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) мегӯянд, дар минтақаи Авруосиё сатҳи худтаъминкунӣ бо аксари маҳсулоти ғизоӣ аз 80-95% зиёд буда, аммо, ҳангоми алоҳида баррасӣ намудани кишварҳо, фарқият ва мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд доранд. Дар ин бора дар гузориши Бонк хабар дода мешавад.

Зери мафҳуми минтақаи АвруОсиё муаллифон кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия), инчунин Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар назар доранд.

Тибқи арзёбии таҳлилгарон, сатҳи баланди худтаъминкунӣ дар минтақа дар зироати ғалладона (132%) ва зироатҳои равғандор (151%) ва аз ҳама паст – дар мева (65%) мушохида карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар минтақа барои ривоҷу равнақ додани истеҳсол ва содироти маҳсулоти хӯрокворӣ имкониятҳои калон мавҷуд аст.

«Истифодаи иқтидори истеҳсолӣ, захиравӣ ва содиротии минтақа имкон медиҳад, ки 240 млн нафар аҳолии худӣ ва ба таври иловагӣ 360 млн нафар дар кишварҳои сеюмро бо ғизо таъмин кард», – таъкид мекунанд муаллифони гузориш.

Мувофиқи арзёбиҳо дар соли 2021, сатҳи худтаъминкунӣ дар минтақаи АвруОсиё ба сурати умум тариқи зайл аст:

– 151% аз рӯи растаниҳои равғандор;

– 132% – зироати ғалладона;

– 103% – сабзавот ва полезиҳо;

– 100% – гӯшт;

– 99% – тухм;

– 97% – шир ва маҳсулоти коркарди он;

– 92% – картошка;

–  84% – лаблабуи қанд.

Вобастагии Тоҷикистон

Тоҷикистон, ба гуфтаи таҳлилгарони БАОР, дар таъмини худкифоӣ танҳо бо шакар, равғани растанӣ ва ғалладона дучори мушкилот аст.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки Тоҷикистон дар баробари Арманистон ва Қирғизистон бо вуҷуди пешрафт дар роҳи расидан ба амнияти ғизоӣ, ба воридоти маводи ғизоӣ вобаста боқӣ монда, воридкунандаи холиси маҳсулоти хӯрокворӣ маҳсуб меёбад.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки бахши бештари иқтидори содиротии истифоданашудаи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон – 67,5%, Арманистон – 57,1% ва Узбакистон – 56,9% мушоҳида мешавад.

Ғайр аз ин, таъкид мешавад, ки "ҷараёни корбарии майдони кишт дар солҳои охир мусбат буда, аммо барои афзоиши густарда захираҳои назаррас вуҷуд надоранд".

Дар Стратегяи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат яке аз ҳадафҳои стратегӣ эътироф шудааст.

Дар Стратегия то ба 70% расондани худтаъминкунии озуқаворӣ то соли 2030 ва то 40% дар даромади умумӣ кам кардани ҳиссаи хароҷоти хонаводаҳо ба ғизо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...