Додгоҳе дар Бишкек фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодиро катъ кард

Asia-Plus

Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо судури қарори худ фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ (Азаттик Медиа)-ро дар ин кишвар расман манъ кард. Қарорро имрӯз, 27-уми апрел, Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек баровард. Намояндагони “Азаттик Медиа” норозигии худро аз қарори додгоҳ баён карданд.

Расонаҳои қирғизӣ аз қавли Тимур Султонов, вакили дифои "Азаттик Медиа" менависанд, ки онҳо аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Ленин ба зинаҳои болоии додгоҳ, аз ҷумла Додгоҳи шаҳри Бишкек шикоят хоҳанд бурд.

“Мо шикоят омода мекунем ва баррасии оқилонаи ҳукмро дар зинаи дуввум умедвор мешавем, ки қарори ғайриқонуниро бекор мекунад", – гуфтааст ӯ.

Ин вакили дифоъ ҳамчунин гуфтааст, “қарори додгоҳ ба ин суол посух дод, ки то куҷо озодии сухан дар Қирғизистон риоя мешавад”.

Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон охири моҳи октябри соли 2023 аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек дархост карда буд, ки фаъолияти "Азаттик Медиа" -ро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори омма қатъ кунад.

Ин даъвои Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон аз навори рӯзи 16-уми сентябр пахш кардаи телевизиони “Настояшее Время” аст, ки ба гуфтаи онҳо, ин расона дар танишҳои марзӣ дар моҳи сентябр “барқасдона тарафи Тоҷикистонро гирифт”.

Вале Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин даъвои ҷониби Қирғизистонро қотеъона рад кард ва гузоришро ба ҳама меъёр посухгӯ номид.

Баъдан, ба ин сомона муҳлат доданд, ки гузориши худро пок кунад, вале роҳбарияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, онро пок намекунад, чун ба ҳама меъёрҳо ҷавобгӯй аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ амали мақомоти қирғизро фишор ба озодии сухан номиданд ва тибқи гузориши онҳо баъди ба қудрат расидани Содир Ҷабборов, дар моҳи октябри соли 2020, фазои озодии баён дар Қирғизистон бадтар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...