Ҳодисаи навбатии дар заминаи рашк куштани ҳамсар дар Суғд

Date:

Сокини 38-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба куштори ҳамсари худ дар заминаи рашк гумонбар дониста мешавад.

Таворе ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи 26 апрел рух додааст.

Гуфта мешавад,  мард дар хонаи холаи ҳамсараш мебинад, ки зани 23-солааш дар ҳуҷраи истиқоматӣ бо телефон гуфтугӯ дорад.

“Ӯ аз ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ бо мақсади куштор бо истифода аз корди хоҷагӣ мусаллаҳ гашта, 6 маротиба ба қисми аъзои бадани ҳамсараш задааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

Зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи 104, қ. 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ, барқасдона аз ҳаёт маҳрум кардани шахси дигар) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи дуюми ба ҳамин монанд аст: рӯзи 6 апрел дар Балҷувон сокини ноҳияи Восеъ Абдулфайз Хоҷаев бо мақсади оштишавӣ ба хонаи волидони ҳамсараш меояд.

Вақте ки аз ҳамсараш ҷавоби рад мегирад, занро бо якчанд зарбаҳои корд захмӣ мекунад.

Дар ин ҳодиса бародари 17-солаи зан барои ин кор аз шавҳари хоҳараш қасос гирифта, ӯро бо корд мекушад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...