“Касе муроҷиат накардааст”. ВКХ-и Тоҷикистон низоъ дар Судонро зери назорат дорад

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар Судон, кишвари африқоие, ки чанде пештар дар он оташи ҷанги дохилӣ аланга гирифт, ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон расман ба қайд гирифта нашудааст, аммо ба ҳар эҳтимол Сафорати кишвар дар Миср вазъро зери назорат гирифтааст.

“То имрӯз ба ВКХ ягон муроҷиат вобаста ба ҳузур доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари Судон ворид нашудааст", – афзуд Шоҳин Самадӣ, сухангӯи ВКХ ба “Asia-Plus”.

Ӯ гуфт, Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба таври муваққат ё убурӣ дар Судон қарор дошта метавонанд, телефони боварии шабонарӯзӣ фаъол намудааст: (+20 11 14 75 10 31 WhatsApp).

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар Судон, як кишвари африқоӣ миёни Артиши доимӣ ва Нерӯҳои зудамал муноқиша сар зад. Муноқишаи мазкур самараи вазъи душвори сиёсиву низомии ин кишвар пас аз табаддулоти соли 2021 мебошад.

Соли 2021 дар Судон табаддулоти давлатӣ шуд ва президенти ин кишвар Умар – ал – Башир пас аз 32 соли идораи давлат, аз қудрат дур карда шуд. Идораи давлат ба зиммаи Шӯрои генералҳо гузашт.

Дар ин Шӯро ду генерали пуртаъсир  – Абдулфаттоҳ ал-Бурҳон, роҳбари Артиши Судон ва Муҳаммад Ҳамдан Дагало, фармондеҳи Нерӯҳои зудамал низ шомил шуданд, ки аслан давлатро идора мекарданд.

Ин Шӯро ваъда дода буд, ки тадриҷан идораи давлатро ба ғайринизомиён месупорад.

Пас аз ду соли фаъолияти ин Шӯро, миёни ин ду генерали пуртаъсир дар масъалаи таҷдиди сохтори давлатӣ, мушаххасан дар робита ба ворид кардани Нерӯҳои зудамал ба сафи Артиши Судон ихтилофи назар эҷод шуд.

Ҳамин тавр, ин ду генерал вориди низои мусаллаҳона шуданд ва инак як ҳафта мешавад, ки дар Судон вазъи амниятӣ ноустувор ва хатарбор боқӣ мемонад.

Аз ҳар ду ҷониб садҳо нафар куштаву ҳазорон каси дигар захмӣ шудаанд.

Дар робита ба ин, аллакай, кишварҳои зиёд шаҳрвандони худро аз Судон тахлия карданд.

Созмонҳои байналмилалӣ аз ҳарду ҷониби даргир даъват кардаанд, ки вориди музокирот шаванд ва ба низои мусаллаҳона хотима бахшанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...