Оғози Чемпионати ҷаҳони боксчиён дар Тошканд. Намояндагони Тоҷикистон ба рақобат мепардозанд

Asia-Plus

Имрӯз дар “Ҳумо Арена”-и пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд маросими ифтитоҳи Чемпионати XXII ҷаҳон оид бокс байни мардон доир гардид, хабар дода мешавад дар торнамои расмии Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA).

Дар маросими ифтитоҳ сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов, вазири сиёсати ҷавонон ва варзиши ин кишвар Адҳам Икромов, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии кишвари ҳамсоя Айбек Қосимов, инчунин президенти IBA Умар Кремлев ҳузур доштанд.

Рақбатҳо шоми имрӯз оғоз гардида, то 14 май идома меёбанд.

Тоҷикистонро дар ин чемпионат 13 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд.

Имрӯз, 1 май барои дарёфти медалҳо муштзанон дар вазнҳои то 57, 60, 92 ва зиёда аз 92 кило ба рақобат мепардозанд. 

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин чемпионат инҳо шомил шудаанд: Меҳрон Шафиев (до 48 кг), Меҳроб Ҳамидов (то 51 кг), Меҳроҷ Зоидов (то 54 кг), Асрор Воҳидов (то 57 кг), Абӯбакр Муродзода (то 60 кг), Баҳодур Усмонов (то 63,5 кг), Расул Аҳадов (то 67 кг), Довуд Маҳкамов (то 71 кг), Некрӯз Салимов (то 75 кг), Шаббос Неъматуллоев (то 80 кг), Парвиз Каримов (то 86 кг), Давлат Болтаев (то 92 кг),  Муҳаммад Аброриддинов (зиёда аз 92 кг).

Ғолиби ҳар кадоме аз вазнҳо 200 ҳазор доллар, зинаи дуюм – 100 ҳазор доллар ва дорандагони медалҳои биринҷӣ – 50 ҳазор долларӣ мукофотпулӣ мегиранд.

Дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон Тоҷикистон ҳамагӣ се медали биринҷӣ ба даст овардааст. Ба дарёфти онҳо Абдусалом Ҳасанов (вазни то 57 кг) соли 2003 дар Таиланд, Шералӣ Достиев (то 48 кг) соли 2005 дар Чин ва Анвар Юнусов (то 56 кг) соли 2011 дар Озарбойҷон ноил гардидаанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс IBA бори нахуст дар Ӯзбекистон ва маротибаи дуюм -дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Соли 2013 ин мусобиқотро шаҳри Алматои Қазоқистон қабул карда буд.

Дар ҳамин ҳол, федератсияҳои як қатор кишварҳо аз иштирок дар мусобиқа даст кашиданд. Сабаби таҳрим дар он аст, ки IBA ба варзишгарон аз Русия ва Беларус барои истифода аз рамзҳои кишварашон иҷоза дод, ки мухолифи мавқеи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) аст.

Қобили зикр аст, ки ихтилоф миёни КБО ва IBA ба он оварда расонид, ки навъи варзиши бокс ба барномаи пешакии Бозиҳои олимпии соли 2028 дохил нашуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...