Поинравии дуюми меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон аз оғози сол

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,0 банди фоизӣ – аз 11% то ба 10%-и солона поин бурд. Чунин қарор дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пуливу қарзии БМТ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта қабул шуд. Меъёри навшуда аз имрӯз, 1 май амал мекунад.

Ин дуюмин мавриди тағйир додани меъёри бозтамвил аз оғози сол аст. Қаблан аввали моҳи феврал меъёри мазкур ба андозаи 2,0 банди фоизӣ – аз 13,0 то ба 11% паст шуда буд.

Тибқи қонунгузорӣ, меъёри бозтамвил меъёри минималии фоизие мебошад, ки тибқи он БМТ ба бонкҳо ҷиҳати таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат қарз медиҳад. Муҳлати чунин қарзҳо, ки бонкҳо метавонанд дар музоядаҳо онро гиранд, аз як рӯз (intraday) то 28 рӯзро ташкил медиҳанд.

Бонкҳо қарзро дар навбати аввал барои дастгирии пардохтпазирии худ дар давраи кӯтоҳмуҳлат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои таъҷилӣ, аз ҷумла ҳисоббаробарӣ дар бозори байнибонкӣ, пардохти қарзи ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Ҳангоми поинравии меъёри бозтамвил пул дар гардиш бештар дастрас гардида, мутаносибан зимни ивази он ба молу хидматрасониҳо бештар “арзон” мешавад. Ба ин тариқ, поинравии меъёри бозтамвил метавонад ба болоравии сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ боис гардад.

Тибқи маълумоти БМТ, сатҳи таваррум дар моҳи марти соли равон 0,9%-ро ташкил дод, ки ба сатҳи умумии таварруми моҳҳои пешин – 0,5% дар моҳи январ ва 0,4% дар моҳи феврал баробар аст. Мизони таварруми солона ( аз моҳи марти соли 2022 то моҳи марти соли 2023) 3,6%-ро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2023 аз ҷониби Бонки миллӣ чун дар чанд соли пеш дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.

Дар гузориши чанде пеши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи дурнамои иқтисоди ҷаҳон гуфта мешавад, таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 “тадриҷан коҳиш ёфта, дар ҳудуди нишондиҳандаи ҳадафноки БМТ 4-8% боқӣ мемонад, ки ба он сиёсати шадиди пуливу қарзӣ мусоидат мекунад”.

Муаллифони гузориш интизорӣ доранд, ки вазъият пас аз авҷ дар соли 2022 муътадил мешавад.

“Коҳиши талабот дар ҷаҳон содироти фулузот (металлҳо)-и гаронбаҳо ва канданиҳои фоиданокро аз Тоҷикистон кам мекунад”, – тахмин мекунанд таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ.

Онҳо сатҳи таваррумро аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 дар сатҳи 5,6 фоиз ва дар ду соли оянда – 6,5 фоизӣ пешгӯӣ мекунанд.

Коршиносони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар гузориши моҳи апрели худ таваррумро дар ҷумҳурӣ то охири соли тақрибан дар ҳамин сатҳ – 6,0 фоиз пешбинӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, иқтисодчиёни Бонки осиёии рушд соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз сатҳи таварруми нисбатан баландтар -7% интизорӣ доранд.

Дар гузориши “Шарҳи рушди Осиё” онҳо ин пешгӯии худро “эҳтимоли беқурбшавии асъори миллӣ дар таносуб бо поинравии қурби рубл, афзоиши минбаъдаи қарздиҳии истеъмолӣ, болоравии маоши хидматчиёни давлатӣ ва нафақаҳо” маънидод мекунанд.

Дар соли 2024 мутахассисони Бонки осиёии рушд аз сустшавии таваррум то 6,5% интизорӣ доранд, “чунки нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ муътадил хоҳанд буд”.

Меъёри бозтамвил чист?

Меъёри бозтамвил фишанги калидии танзими амалиётҳои сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои мақсаднок, хавфҳои эҳтимолии пешбинишаванда ва мавқеи сиёсати пулию қарзӣ муқаррар мегардад.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бозтамвил меъёри фоизие шуморида мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд.

Мутаносибан, чӣ қадар меъёр баланд ё паст бошад, ҳамон қадар фоизҳои қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ баланд ё паст мешаванд.

Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...