Тағйироти кадрӣ дар Бадахшону Варзобу Ховалинг

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 1-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафарзода Шарифхон Нураҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод ва муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Шарифхон Сафарзода дар мансаби раиси ноҳияи Варзоб аз 25 июли соли 2022 фаъолият дошт.

Бо фармони дигари президент Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шуд. То ин замон, Хусрав Дамонзода ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Синои пойтахт фаъолият дошт.

Ҳамин тавр, Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Мирзозода Музаффар Бурҳон, ки ба ҳайси муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод ва бо фармони президент иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин гардид.

Ҳоло маълум нест, ки Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ба кадом вазифа таъин гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...