“Парасту-2023”. Чаро теъдоде аз ҳаводорони театр натавонистанд “Қисмат”-ро тамошо кунанд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шоми дирӯз, 1-уми май, дар доираи ҷашнвораи Парасту-2023 дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоишномаи Қисмат” манзури тамошобинон гардид. Ин намоишномаро Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба саҳна гузошта буд.

Намоишномаи мазкур рӯи саҳнаи театр ба намоиш гузошта шуд ва онро ҳудуди 100 нафар тавонистанд тамошо кунанд. Дар ҳоле ки толори театр комилан холӣ буд.

Ин ба ташрифи муовини сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ва вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода рабт дошт ё не, номаълум аст, аммо тааҷҷубовар буд, ки даҳҳо тамошобин дар беруни театр мондаву масъулини он  нагузоштанд ҳаводорони санъат вориди театр шаванд.

Худойдод Орифӣ, ҳунарпеша ва коргардон, яке аз нафароне буд, ки вориди театр шудаву бо сабаби набудани ҷой дар саҳна натавонист намоишномаро тамошо кунад.

“Масъулин фаромӯш кардаанд, ки намоишномаро ба пойтахт ва ба ҷашнвораи ҷумҳуриявӣ овардаанд. Агар ҳол ҳамин аст, беҳтар буд, мисли театри хиёбонӣ ба намоиш намегузоштанд. Агар намоишнома танҳо барои теъдоди маҳдуд бошад, беҳтараш моро хабар надиҳанд”, – гуфт Худойдод Орифӣ.

Сумани Убайдулло, як ҳаводори дигари театр низ аз ҷои каму танг шикоят кард ва гуфт, ки “китф ба китф зада, миёни мардон надаромад”.

“Муносибати масъулини Театри давлатии академии опера ва балет ҳам бисёр сард аст ва ба ҷои он ки мухлисони театрро ҷой диҳанд, баръакс, роҳи баромадро нишон медоданд”, – шикоят дошт Суман.

Шаҳзода Ашӯралиева, мухлиси дигари театр, ки хеле пештар аз оғози намоиш ташриф оварда буд, мегӯяд, “ҳоло намоиш оғоз нашуда, дари асосии театрро бастанд”.

“Як нафар зан, ки дар назди дари театр истода буд, бепарвоёна гуфт, ки дигар ҷой нест, дар қулф, тамом. Мо ҳам хирагӣ карда, аз дари эҳтиётӣ ба театр ворид шудем”, – гуфт Шаҳзода.

Ҳамин тавр, даҳҳо нафар натавонистанд вориди театр шудаву намоишномаи “Қисмат”-ро тамошо кунанд.

Масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон имрӯз, 2-юми май, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” ҳодисаро шарҳ дода, таъкид карданд, ки “вижагии намоишнома инро талаб мекард”.

Мирзоолим Саидов, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг, ки масъули баргузории ҷашнвораи “Парсату-2023” аст, гуфт, “дар фестивал се намоишнома дар чунин қолаб, яъне дар рӯи саҳна, курсиҳоро гирд гузошта ва дар доираи 100 – 150 нафар ба намоиш гузошта шуд. Ин намишномаҳо “Иштибоҳ”-и Театри давлатии ҷавонон, “Савдоӣ”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ ва “Қисмат”-и Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Камоли Хуҷандӣ буд”.

“Талаботи ин се намоишномаҳо ҳамин буд, ки дар доираи маҳдуд ба намоиш гузошта шаванд. Коргардонҳо ҳам дар ҳамин қолаб намоишнома ва саҳнаи онро таҳия ва пешниҳод карда буданд. Стандарт ҳамин буд”, – шарҳ дод Саидов.

Яке аз нафароне, ки тавонистааст намоишномаи “Қисмат”-ро тамошо кунад, гуфт, ки спектакл дар сатҳи баланд ба саҳна гузошта шуда, мавзӯи он “тарбияи фарзанд ва таъсири бади нашъамандӣ буд”.

Имрӯз, 2-юми май, соати 17:30, ҳаводорони театр метавонанд дар Театри давлатии академии опера ва балет намоишномаи “Горбун из Нотрдама”-ро тамошо кунанд.

Мирзоолим Саидов гуфт, ки ин намоишномаро метавонанд беш аз 500 нафар тамошо кунанд ва чунин имкон фароҳам оварда шудааст.

Бояд таъкид кард, ки имсол дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.

Ин фестивал то рӯзи 4-уми май идома карда, шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими ҷамъбастии ҷашнвора баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...