Тоҷикистон аз овоздиҳӣ ба қатъномаи СММ бо ишораи таҷовузи Русия худдорӣ кард

Asia-Plus

Маҷмаи Умумии СММ бо 122 овози “тарафдор” қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо Шӯрои Аврупоро, ки дар он ба таҷовузи Русия нисбати Украина ишора шудааст, қабул кард. Қазоқистону Чин ва Туркия аз қатънома ҷонибдорӣ намуданд. Се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз раъйдиҳӣ ба ин қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ худдорӣ варзиданд.

Қазоқистон ва Чин ба тарафдории қатъномае раъй доданд, ки нисбати Русия дар робита ба таҷовузаш ба Украина лаҳни тунду шадид изҳор шудааст, ҳарчанд қаблан ин кишварҳо маъмулан аз раъйдиҳӣ ба ин гуна аснод худдорӣ мекарданд, менависад Радио Свобода.

Овоздиҳӣ рӯзи 26 апрел барпо шуд. Дар маҷмӯъ, аз қатъномаи «Ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Аврупо» 122 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла як қатор давлатҳои дигар, ки онҳоро дӯстони Русия мешуморанд, аз ҷумла Арманистон, Ҳиндустон ва Бразилия ҷонибдорӣ карданд.

Дар ин санад, аз ҷумла, ба “чолишҳои бесобиқае”, ки Аврупо пас аз таҷовузи Русия алайҳи Украина ва пеш аз он алайҳи Гурҷистон, рӯбарӯ шудааст, ишора мешавад. Дар он инчунин даъвати “ҷуброни зиён” ба қурбониёни таҷовуз зикр мешавад.

Панҷ кишвар зидди ин санад овоз доданд. Ба ҷуз Русия, инҳо Беларус, Кореяи Шимолӣ, Никарагуа ва Сурия мебошанд.

Намояндаи Русия зимни баррасии санад изҳор дошт, ки кишвараш аз ин қатънома бо сабаби дар банди муқаддимавӣ зикр шудани Русия пуштибонӣ намекунад. Як дипломати намояндагии доимии Русия дар СММ изҳор дошт, ки "айбномаҳо" дар ин қисми матн ба "мавзӯи қатънома" ҳеҷ иртиботе надошта, ба онҳо ангезаи зиёди сиёсӣ дода шудааст".

Ҷанг дар Украина мавзӯи аслии ин қатънома набуда, аз ин рӯ маълум нест, ки оё раъйи Чин, Қазоқистон ва кишварҳои дигар ба ҷонибдорӣ аз он, гувоҳи тағйири мавқеи онҳо дар робита ба амалҳои Русия дар Украина аст ё на.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...