Тоҷикистон дар Ӯзбекистон наздики 300 корхонаву ташкилот бунёд кардааст

Asia-Plus

Фаридуни Фарҳодзод, рӯзноманигори тоҷики Ӯзбекистон равобити тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳлил карда, навиштааст, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон давоми панҷ соли ахир 10 баробар афзуда, ҳоло дар ин кишвар бо сармояи Тоҷикистон наздики 300 корхонаву ташкилот фаъолият мекунанд. Ин матлаб дар нашрияи “Овози Самарқанд” интишор шудааст.

Фаридуни Фарҳодзод менависад, ки давоми панҷ соли охир мубодилаи тарафайни мол беш аз 10 баробар афзуда, Тоҷикистон ба даҳгонаи шарики асосии савдою иқтисодии Ӯзбекистон дохил шудааст.

“Ҳоло Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвари пешқадаме қарор дорад, ки тӯли соли 2022 беш аз ҳама маҳсулот воридот кардааст. Агар соли гузашта ба ин кишвар бо арзиши 520 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот экспорт гардида бошад, дар моҳҳои январ-­марти соли ҷорӣ ин нишондод 117,7 миллион доллари амрикоиро ташкил кардааст”, – навиштааст ин рӯзноманигор.

Ба ҳолати 1‑уми феврали соли 2023 дар Ӯзбекистон бо иштироки сармояи Тоҷикистон 293 корхонаву ташкилот фаъолият дорад ва танҳо дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бо иштироки сармояи кишвар Тоҷикистон дар ин кишвар 18 корхонаи нав ташкил гардидааст.

Сайёҳӣ миёни ду кишвар

Ба навиштаи ин рӯзноманигор, яке аз самтҳое, ки дар чанд соли охир ба таври назаррас рушд кардааст, ин сайёҳӣ мебошад.

Фаридун Фарҳодзод бо истинод ба маълумоти Агентии статистикаи Ӯзбекистон менависад, ки соли 2022 аз Ӯзбекистон 5,2 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади саёҳат дидан кардаанд ва аз ин теъдод, 1 млн 447,1 ҳазор нафари онҳо аз Тоҷикистон мебошанд.

“Танҳо дар моҳҳои январ-­феврали соли 2023 871 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади саёҳат ба Ӯзбекистон омадаанд, ки аз ин теъдод 289,2 ҳазор нафар аз Тоҷикистон будаанд”, – навиштааст Фаридун Фарҳодзод.

Соли 2022 беш аз панҷ миллион шаҳрвандони Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардаанд ва Тоҷикистон яке аз се самти асосии сафари шаҳрвандони ин кишвар будааст. Дар ин сол 785 ҳазор шаҳрвандони Ӯзбекистон аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дидан кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон пас аз солҳои тӯлонии сардии муносибат ва баъди марги Ислом Каримов, аввалин раисиҷумҳури кишвари ҳамсоя, равобити худро дар ҳамаи самтҳо тақвият бахшиданд ва “саҳфаи нав”-ро боз карданд.

Соли 2018 Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури дуюми Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.

Дар ҷараёни ин сафар аксари масъалаҳои доғе, ки миёни ду кишвар ҷой доштанд, ҳалли худро пайдо карданд. Ба ин тартиб роҳбарони ҳарду кишвар “Эъломияи таҳкими дӯстии абадӣ ва иттифоқии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо карданд. Ҳоло ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёт, энергетика, фарҳангу санъат ва робитаҳои байниминтақавӣ ҳамкории зич доранд.

Дар Тоҷикистон низ чандин корхона бо сармояи Ӯзбекистон бунёд гардида, дар бозорҳои ин кишвар молу маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистон фаровон фурӯхта мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...