Тоҷикистон аз БОР ба ҷуз грант, қарз ҳам гирифтан мехоҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон аз Бонки осиёии рушд (БОР) дархост намудааст, ки шакли дастгирии молиявиро ба ҷумҳурӣ бозбинӣ кунад.

“Ҳамаи кумаке, ки айни замон Тоҷикистон мегирад, дар шакли грантҳо пешниҳод мешавад”, – иброз дошт ба “Азия-Плюс” директори генералии БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков.

Ба гуфтаи ӯ, аз як тараф ин хуб аст, лекин аз ҷониби дигар, ин маънои онро дорад, ки ҳаҷми кумакҳо маҳдуданд.

“Ҳукумати Тоҷикистон масъала ба миён гузоштааст, ки ин тарзи пешниҳод бознигарӣ шавад,  то ки ҷумҳурӣ натанҳо дар шакли грант, балки дар шакли қарзҳо ҳам маблағ гирифта тавонад”, – иброз дошт Жуков.

Номбурда шарҳ дод, ки БОР кумаки молиявиро бар асоси таҳлили муштараки устувории қарзи хориҷии кишвар аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад.

“Агар тамоюли мавҷудаи коҳиши қарзи беруна нисбат ба ММД идома ёбад, ояндаи наздик шакли пешниҳоди кумак бознигарӣ мешавад”, – илова намудааст Евгений Жуков.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2018 Бонки осиёи рушд ба Тоҷикистон танҳо дар шакли кумаки бебозгашт ёрии молиявӣ мерасонад. Намояндагони Бонк инро ба сарбории қарз ба ҷумҳурӣ маънидод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазорати молияи кишвар, таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз 50% дар оғози соли 2020 то ба 33,3% то 1 январи соли 2023 коҳиш ёфтааст.

Қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ба 1 январи соли равон 3 млрд 288,3 млн долларро ташкил дод, ки ба 28,5% нисбат ба ММД баробар аст.

Тибқи маълумоти расмӣ, тайи соли ахир ҳаҷми қарзи беруна 15,4 млн доллар кам шуда, рушди воқеии ММД 8%-ро ташкил дод. Ҳаҷми номиналии ММД дар соли 2022 ба миқдори 16 млрд сомонӣ (1,5 млрд доллар) афзуд.

Бино ба маълумоти ахири дастрас, ҳаҷми қарзи дохилии кишвар (ба ҳолати 1 июли соли 2022) 500 млн долларро ташкил додааст, ки ба 4,7% нисбат ба ММД баробар аст.

Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳаҷми умумии кумакаш зиёда аз 2,5 млрд долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ беш аз 1,9 млрд доллар ба сифати грант дода шудааст.

Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба се самти афзалиятнок асос меёбад: ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...