Боҷи давлатӣ барои ивази ному насаб боло рафтааст

Asia-Plus

Шуруъ, аз 18-уми апрели соли равон боҷи давлатӣ барои ивази ному насаб дар Тоҷикистон аз 102 сомонӣ ба 204 сомонӣ баланд карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати адлия ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, тарҳи тағйиру иловаҳоро рӯзи 18-уми апрел вакилони палати поёнии парлумон қобили қабул донистанд.

Манбаъ гуфт, боҷи давлатӣ барои ивази ному насаб қаблан 1,5 нишондиҳанда буд ва он ҳамакнун то ба 4 нишондиҳанда (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) баланд карда шуд.

Ин масъули бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия гуфт, зимни ивази ному насаб ба ғайр аз боҷи давлатӣ (акнун 204 сомонӣ), ҳамчунин,  44 сомониву 20 дирам барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо оид ба ивази насаб, ном ва номи падар (агар кофтукови ҳуҷҷатҳо дар асоси китобҳои бойгонӣ лозим шавад) ва 13 сомону 60 дирам барои бланки тозаи намунаи аризаҳои бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва пур кардани бланк (агар корманди бахш пур намояд) пардохт карда мешавад.

Вале як таҳқиқоти Радиои Озодӣ нишон додааст, “шахсоне, ки ному насаби худро иваз мекунанд, аз ҳадди муқарраркардаи қонун дида, маблағи бештар медиҳанд, то тезтар соҳиби шиносномаи нав шаванд”.

Ҳолатҳои бар ивази пардохти маблағи барзиёд зудтар иваз кардани ному насабро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад. Ин вазорат рӯзи 19-уми августи соли 2021 хабар дод, ки мудири САҲШ-и ноҳияи Носири Хусрав аз як шаҳрванд барои фавран иваз кардани ному насаб 2450 сомонӣ “пора” талаб карда, аз сӯи мақомот боздошт шудааст.

Чанд соли охир дар Тоҷикистон иваз кардани ному насаб зиёд шудааст. Аз ҳама бештар муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия ному насабро иваз мекунанд, то тавонанд, ки дубора бо ному насаби нав вориди Русия шаванд.

Таҳқиқоти Радиои Озодӣ нишон додааст, ки “аз соли 2014 то нимаи аввали соли 2021 қариб 235 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ному насаби худро иваз карда, шиносномаи нав гирифтаанд. Мақомот мегӯянд, иддае аз онҳо мансабдорон ва хидматчиёни давлатиянд”.

Бояд гуфт, ки тағйири насаб дар байни сокинони Тоҷикистон сар аз соли 2007, замоне оғоз шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар нахустин шуда насаби худро тағйир дод. Дар пайи ин иқдом ивази ному насаб аз ҷониби мансабдорон низ оғоз шуд.

Моҳи июни соли 2020 ба моддаи 20-и Қонуни мазкур тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он, зимни сабти ному насаби тифлҳои навзод ба истифодаи пасвандҳои славянии “ов”, “ова”, “ев”, “ева” ба насаб ва “ович”, “овна”, “евич” ва “евна” ба номи хонаводагӣ ё номи падар иҷоза дода намешавад.

Ҳамин тариқ, минбаъд ба ному насаб ва номи падар пасвандҳои “ӣ”, “зод”, “зода”, “он”, “ён”, “ёр”, “ниё”, “фар”,“пур” (барои мардон) ва “духт” (барои занон) иҷоза дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...