Боздошти духтури Ёрии таъҷилии шаҳрӣ барои марги ноболиғи 17 – сола

Asia-Plus

Абдурасул Ҳоҷиев, духтур-ҷарроҳи Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ барои бе зарурат таъин ва гузаронидани доруи “Лидаза” ба Севинч Шукуроваи 17-сола, ки боиси марги ахирӣ шудааст, боздошт ва алайҳи ӯ бо ҷурми “номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс шудааст” парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Дар ин бора Додситонии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ин ниҳод дар вакуниш ба муроҷиати кушоди Шоира Зуҳурова, модари Севинч Шукурова, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, навиштааст, ҳодисаи марги ӯ, ки рӯзи 8-уми апрел рух додааст, аз ҷониби ин ниҳод, мавриди санҷиш қарор дода шуда, баъди ташхиси комиссиони судӣ-тиббӣ маълум гардид, ки “сабаби марги ноболиғ Шукурова С. пайдо шудани садамаи анафилактикӣ аз маҳлули дорувории “Лидаза” буда, ки аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев Абдурасул Муҳамадиевич бе зарурият таъин ва гузаронида шудааст”.

“Дар натиҷаи номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев А.М. ҳолати ноболиғ Шукурова С. вазнин гардида, номбурда фавтидааст”, – омадааст дар иттилоияи Додситонии шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод гуфтааст, дар робита ба ҳодисаи мазкур рӯзи 16-уми майи соли 2023 аз ҷониби Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбати Абдурасул Ҳоҷиев барои “аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс гаридааст” (моддаи 129 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуд.

Ин банди қонунгузорӣ, аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Додситонии пойтахт гуфтааст, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки муроҷиати Шоира Зуҳурова, як сокини шаҳри Душанбе ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Озода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар пайи марги духтараш Севинч Шукурова дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро барангехт. Ин модар дар муроҷиати худ даъво кардааст, ки духтари 17-солааш бо сабаби саҳлангорӣ ё хунукназарии духтури Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.

“Духтурам ягон беморӣ надошт ва танҳо баъди таъин ва гузаронидани маҳлули “Лидаза” аз ҷониби духтур Абдурасул Ҳоҷиев ҳоли ӯ якбора бад шуда, дертар ба ҳалокат расид”, – гуфтааст ин зан.

Маврид ба зикр аст, ки ин ягона ҳолати марги нафаре бинобар хунукназарии духтур намебошад. Қаблан низ чанд табиб барои хунукназарӣ боздошт ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...