“Мо як халқем”. Ҳаёти тоҷикон дар Қазоқистон чӣ гуна аст?

Алина Валаматзода, Asia-Plus

Моҳи апрели соли равон Акбарҷон Исмоилов, намояндаи ҷамъияти тоҷикон дар Қазоқистон муовини раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон таъин шуд. Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ӯ дар бораи ҳамгироии тоҷикон ба фарҳанги Қазоқистон изҳори назар кард.

Дар Қазоқистон беш аз 50 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунад. Аксарият авлоди онҳое мебошанд, ки ҳанӯз дар солҳои 1930 ба Қазоқистон кӯчида буданд. Тоҷикон асосан дар ҷануби кишвар ба сар мебаранд, масалан, деҳаи Фирдавсии вилояти Туркистон асосан аз тоҷиконе иборат аст, ки аз вилояти Кӯҳистони Мастчоҳи Тоҷикистон ба он ҷо кӯч бастаанд.

Инчунин, дар Қазоқистон тоҷиконе, ки чанде пеш ба ин кишвар кӯчидаанд, низ кам нестанд. Бино ба иттилои Azattyq, муҳоҷирони мо низ ин ҷо зиёданд – соли 2022 беш аз 300 ҳазор тоҷикистониён ба Қазоқистон омадаанд.

Барои Қазоқистон, ки кишвари гуногунфарҳанг аст, масъалаи ҳамзистии осоиштаи халқҳо яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарра мебошад.

Дар ҳалли ин масъала Ассамблеяи халқи Қазоқистон, ки ба сифати сохтори беназире барои таҳкими ваҳдат дар кишвар хидмат мекунад, нақши муҳим дорад.

Он ҳамаи халқҳои Қазоқистонро муттаҳид намуда, барои пешгирии табъиз тадбирҳо меандешад. Роҳбарии Ассамблея ба дӯши президент Қосим-Жомарт Токаев вогузор шудааст.

Моҳи апрели соли 2023 Акбарҷон Исмоилов, як тоҷики муқими Қазоқистон муовини раиси Ассамблея шуд. Ӯ ҳамзамон ба Маркази ҷумҳуриявии этнофарҳангии тоҷикони Қазоқистон раҳбарӣ мекунад, ки ҳудуди 100 ҳазор тоҷикро муттаҳид мекунад.

Ин Маркази ҷумҳуриявии этнофарҳангии тоҷикон як сол пеш ифтитоҳ шуда, аммо дар ин муддати кӯтоҳ зери раҳбарии Исмоилов тавонист ба таври қобили мулоҳиза рушд кунад. Дар тамоми Хонаҳои дӯстӣ намояндагиҳои тоҷикон ва дар минтақаҳо ёздаҳ филиали иттиҳодияҳои этникӣ фаъолият доранд.

Ҳамин тариқ, тоҷикони этникӣ бо нигоҳ доштани робита бо ватани таърихии худ ба фарҳанги Қазоқистон ворид ва ҳамгиро мешаванд.

Акнун Исмоилов метавонад аз таҷрибаи роҳбарии Маркази ҷумҳуриявии этнофарҳангии тоҷикон ба ҳайси муовини раиси Ассамблея истифода кунад. Дар доираи вазифаи нав Исмоилов ба мақомоти Қазоқистон дар бораи шароити зиндагии сокинони маҳаллӣ маълумот расонида, сипас дар беҳбуди онҳо мусоидат менамояд.

Дар бораи худи номи Ассамблея Акбарҷон Исмоилов таъкид мекунад, ки онро дуруст талаффуз кардан лозим аст. Зеро натанҳо дар бораи грамматика сухан меравад, балки ин ном инчунин маънои фарҳангӣ дорад.

“Таваҷҷуҳ диҳед, дурусташ  – Ассамблеяи халқи Қазоқистон. Бархе ҳангоми гуфтани "халқҳо" хато карда метавонанд. Аммо халқҳо нестанд, мо як халқем. Мо ҳама миллатҳо як халқ ҳастем, дар дӯстиву рафоқат зиндагӣ мекунем”, – гуфт Акбарҷон Исмоилов.

Ба гуфтаи Исмоилов, дар кишварҳои ҳамсоя ниҳоди ба ин монанд вуҷуд надорад.

"Ваҳдати мардум дар ин ҷо сарвати асосӣ аст"

“Бо нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, иртиботи таърихӣ бо ниёгони худ забони давлатиро аз худ кардан лозим аст, – шарҳ дод Акбарҷон. — Қазоқистон ҳамчун давлат ба ҳар як миллат имконият дод, ки забону фарҳанги худро омӯзанд. Ва дар посух ба ин мо, дигар миллатҳо, қазоқиро меомӯзем. Ман худам ва бисёре аз тоҷикони ин ҷо забони қазоқиро медонем. Мо дар ин ҷо ба дунё омада, ба воя расидаем ва дар ин муддат ба низоъҳои байни миллатҳо дучор нашудаем. Дар ин ҷо ягонагии халқ сарвати асосӣ мебошад".

Акбарҷон мегӯяд, дар Қазоқистон ҷавонони миллатҳои гуногун ба кори хидмати давлатӣ фаъолона ҷалб мешаванд: “Ҷавонон ба хидмати давлатӣ меоянд. Аллакай бисёр корҳо анҷом дода шуданд ва ҳамроҳи онҳо боз ҳам бисёртар навгониҳо мешаванд”. Худи Акбарҷон низ ҷавонтарин муовини раис дар таърихи Ассамблея аст – мансаби навашаро ба ӯ дар синни 35-солагӣ доданд.

Ӯ инчунин дар бораи ислоҳоте, ки ҳоло дар Қазоқистон ҷараён дорад, изҳори назар кард, зеро дар ҷараёни ин дигаргуниҳо ба Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Он воситаҳои нави намояндагии парламентиро ба даст оварда,  ба ҳалли вазифаҳои рушди стратегии давлат ҳамаи миллатҳо ҷалб карда шуданд.

Ба мавзӯи ислоҳот охири моҳи апрел дар суханронии президенти Қазоқистон дар иҷлосияи охирини Ассамблея низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. "Ассамблея дар навсозии сиёсии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозид. Он ба тавсеъаи дастгирии ислоҳот аз ҷониби ҷомеа, ҳалли вазифаҳои стратегии рушди давлат бо ҷалби ҳамаи миллатҳо мусоидат намуд. Ҳамин тариқ, Қазоқистон дар муҳити геополитикии худ ягона кишваре гардид, ки чунин дигаргуниҳои амиқро амалӣ мекунад", – гуфт Тоқаев.

"Шаҳрвандонеро, ки дар Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон кор мекунанд, метавон сафирони ваҳдат номид. Бовар дорам, ки ҳамаи шумо ин рисолати муҳимро бошарафона иҷро хоҳед кард", – афзуд ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...