Тафсилоти нави сохтмони метро дар Душанбе. Аз Корвон то Сирк метрои рӯизаминӣ месозанд

Asia-Plus

Аз Дарвозаи ҷанубӣ (самти минтақаи Бохтар) то бинои Сирки давлатӣ бунёди метрои рӯизаминӣ ба масофаи беш аз 10 км ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Раҳим Бобозода, муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон дар суҳбат бо рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи парлумони Тоҷикистон, хабар додааст.

Номбурда гуфтааст, ҳадафи бунёди метро баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, паст кардани шиддати ҳаракат дар роҳҳои пойтахт ва аз ин ҳисоб, коҳиш додани сатҳи партовҳои газӣ ба муҳити зист аст.

Номбурда зикр кардааст, ки дар хусуси сохтмони метро дархости молиявӣ ба Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Корея ирсол гардида, 14 — уми марти соли 2022 “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ барои асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва омода кардани мутахассисони маҳаллӣ барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва истифодаи технологияҳои муосири Ҷумҳурии Корея дар самти нақлиёти метро” ба имзо расидааст.

“Шарту талабот, арзиши лоиҳаи мазкур ва шароити масири эҳтимолии сохтмони роҳи оҳани шаҳри Душанберо, ки тибқи нақшаи генералӣ аз дарвозаи Ҷанубӣ то Сирки давлатӣ ба масофаи 10,5 километр тӯл мекашад, ба назар гирифта, истифодаи нақлиёти роҳи оҳани шаҳрии LRT (системаи метрои сабук) мувофиқи мақсад шуморида шуд”, – зикр кардааст Раҳим Бобозода.

Муовини аввали вазири нақлиёт дар бораи муҳлати оғозу анҷоми сохтмон ва харҷи он маълумот надодааст.

Моҳи феврали соли 2019 як манбаъи “Азия – Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабари сохтмони метроро дар пойтахт тасдиқ намуда, гуфта буд, ки мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе, нахустин хатти рӯйизаминии метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.

“Айни замон ҳукуматдорони пойтахт масъалаи сохтмони қитъаҳои зеризаминии метрополитени ояндаи шаҳрро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ҳамчунин бунёди хатҳои (шохаҳои) эҳтимолии метрои оянда низ омӯхта мешавад. Чанде аз сокинони шаҳр аллакай сохтмони хати метроро аз фурудгоҳ то бозори Корвон ва қисмати дигарашро – аз мавзеи Сирки давлатӣ то маҳаллаи Зарафшон пешниҳод кардаанд”, – гуфта буд манбаъи мо.

Қаблан, дар мулоқоти Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо як ҳайати намояндагони баландпояи Корея сохтмони метро дар Душанбе баррасӣ шуда буд.

Он замон гуфта мешуд, ки барои сохтмони метро бо  ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяи Ҷанубӣ ёддошти тафоҳуми ба имзо расидааст.

Соли 2022 Ҷамшед Табарзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки айни замон ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад ва дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар ин бора ҳаст. 

"Агар барои мисол сохтмони роҳро ба назар гирем, чӣ қадар биноҳо, иншоотҳоро бартараф кардан лозим аст, ки як роҳи иловагӣ барои  "нагрузка"-ро аз як қисмати шаҳр гирифтан, сохта шавад",- гуфта буд ӯ.

Қобили зикр аст, ки агар метрои Душанбе бунёд шавад, ин шаҳр севумин шаҳри Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки соҳиби метро мешавад. Ҳоло дар пойтахти Ӯзбекистон – Тошканд ва шаҳри Алмаато (Қазоқистон) метро метро мавҷуд аст. Дар Бишкек ҳам сохтмони метро дар нақша аст, вале дар бораи оғози бунёди он чизе гуфта нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...