“Дурӯғ ва туҳмат аст”. ВКД иддаои тамаъҷӯии $30 ҳазор ва дастдарозӣ ба номус аз ҷониби муфаттишро шарҳ дод

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, иддаои Шаҳло Давлатова, сокини Хуҷанд, ки даъво дорад, як муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии шаҳр аз ӯ 30 ҳазор доллар хоста, ба номусаш дастдарозӣ кардааст, “комилан дурӯғ буда, ин зан бе ягон далел ба подполковники милитсия туҳмат задааст”.

Ин ниҳод бо нашри раддия дар сомонааш навишт, ки “Давлатова Шаҳло Шералиевна ба хотири худро ҷабрдида ва бегуноҳ вонамуд кардан, бе ягон далел ба подполковники милитсия Шодизода Д. тӯҳмат намудааст”.

ВКД гуфтааст, Шаҳло Давлатоваи 35-сола соли 2016 барои авбошӣ (моддаи 237 қисми 2 банди “в") ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, баъдан тибқи қонуни авф аз ҷавобгарӣ озод гардид.

Ин ниҳод, ҳамчунин номбурдаро ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, инчунин адолати судӣ ва ҷиноятҳои ба ҷамъият хавфнок айбдор кардааст.

“Давлатова Ш. дар давоми солҳои 2017-2022 ба соҳибкории ғайриқонунӣ, яъне татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус (литсензия) машғул гардидааст… аз ҳисоби шаҳрвандон ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ даромад ба даст оварда, ба манфиати давлат ва шаҳрвандвандон зарари махсусан калон расонидааст”, – омадааст дар хабарномаи ВКД.

Ин ниҳод мисол овардааст, ки Давлатова аз соли 2017 то соли 2022 ба 8 шаҳрванд бо фоизҳои муайян қарз дода, бо татбиқи фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ ба миқдори махсусан калон ба маблағи умумии беш аз 349 ҳазор сомонӣ даромад ба даст овардааст.

Ҳамин тариқ, ба иттилои ин ниҳод, нисбати номбурда барои соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2 банди 'б"), вайрон намудани дахлнопазирии манзил (моддаи 147 қисми 1), муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ (моддаи 286 қисми 2) ва монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ (моддаи 345 қисми 2) парванда боз шуда, бо ҳукми додгоҳ 4 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

“Бо назардошти кудаки хурдсол доштанаш иҷрои ҳукми суд айни замон ба таъхир афтод”, – гуфтааст ВКД.

Ин ниҳод ҳамчунин, зикр кардааст, ки “номбурда ба ҷойи он, ки худро ислоҳ намуда, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шавад, номи пуршарафи модарро доғдор намуда, бо суханони қабеҳ ва алфози пур аз дашному ҳақорат ба таҳқиру таҳдиди шаҳрвандон машғул аст”.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, Радиои Озодӣ бо такя ба иддаои Шаҳло Давлатова, ки дар робита ба муомилоти ғайриқонунии асъор таҳти тафтишот қарор дорад, навишт, ки муфаттиш Дилмурод Шодизода бар ивази боздоштани парвандааш аз иин зан 30 ҳазор доллар пора талаб карда, ба номусаш “дастдарозӣ” кардааст.

Вале муфаттиш Дилмурод Шодизода дар суҳбати телефонӣ таҳқиқи парвандаро тасдиқ карда, иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва дастдарозиро беасос донистааст.

Қаблан, Нусратулло Муҳаммадзода, сухангӯи ВКД дар робита ба иддаои Шаҳло Давлатова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки  танҳо пас аз муроҷиати расмии шаҳрванд таҳқиқро оғоз мекунад ва мақомот наметавонад, ки дар асоси овоза ё нашри муроҷиатнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО тафтишотро оғоз кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар асоси моддаи 140-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “иттилоот дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи интернет” ҳамчун яке аз сабабҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ шуда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...