Аксиз ба хидматрасонии алоқа дар Тоҷикистон метавонад боло равад. Интернет қимат мешавад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”-ро дар таҳрири нав таҳия намуд, ки дар он, аз ҷумла баланд бардоштани ҳаҷми ҷамъоварии пардохтҳои ҳатмӣ аз таъминкунандагони хидматрасониҳои телекоммунакатсионӣ пешбинӣ мешавад.

Дар асоснокунии лоиҳаи қонун гуфта мешавад, он ҷиҳати “ таъмини амнияти иттилоотӣ, рақобати озод ва рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳои нав ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ” омода шудааст.

Ҳамчунин таҳияи лоиҳаи қонун  инчунин ҷиҳати мусоидат дар таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби хироҷҳои соҳаи алоқаи барқӣ, бо дарназардошти рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ асоснок мешавад.

Ба ақидаи муаллифони лоиҳа, қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”, ки аз соли 2002 амал мекунад, сарфи назар дар давоми ин солҳо ворид шудани тағйроту иловаҳо ба он, кӯҳна шудааст.

Онҳо таъкид мекунанд, ки дар ин давра дигар хизматрасонию таҷҳизотҳои муосир ба вуҷуд омаданд, ки зарурати танзими пурраро дар қонунгузории соҳа тақозо менамояд. Гуфта мешавад, дар ин муддат операторон ва провайдерони нав таъсис ёфтанд ва хизматрасониҳои мобилӣ аз стандартҳои аналогӣ то ба стандартҳои нави насли 5G расида, хизматрасониҳои Интернет, барномаҳо ва сомонаҳои нави иҷтимоӣ, технологияҳои NGN, таҷҳизотҳои нав, хати нахи нурӣ рӯйи кор омаданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шудааст.

Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои наздик ба бозори алоқа хабар медиҳанд, ки пас аз қабули лоиҳаи қонун боло бурдани меъёрҳои андози аксизӣ ба хидматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (интернет-провайдерон) аз 7%-и ҳозира то ба 10% ба нақша гирифта шудааст.

Аммо дастрас намудани тасдиқи расмии ин маълумот ҳоло муяссар нашуда истодааст.

Коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки яке аз сабабҳои гарон будани алоқа дар Тоҷикистон сарбории вазнини андорз ба операторон ва провайдерон, аз ҷумла меъёри баланди аксиз аст.

Ҳукуматдорони кишвар соли 2010 ба хидматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ ва интернет-провайдерон дар сатҳи 3% андози аксизӣ ҷорӣ намуданд.

Соли 2014 он то 5% ва дар аввали соли 2020 пас аз мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз, то 7% боло рафт.

Ғайр аз ин, операторон ва провайдерон бо меъёри 15% андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), 20% – андоз аз даромад ва 2,5% – боҷи иҷозатномавӣ пардохт мекунанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон охири моҳи декабри соли гузашта аз сифат ва суръати интернет дар ҷумҳурӣ изҳори норозигӣ кард. Ӯ ба Хадамоти алоқа супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои мобилӣ ва интернет-провайдерон ҷиҳати беҳтар кардани суръат ва коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ  ва интернет тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев рӯзи 30 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки Хадамот қасд дорад суръати интернетро дар Тоҷикистон беҳтар ва қимати онро коҳиш диҳад.

Ба гуфтаи ӯ, Хадамоти алоқа ният дорад дар асоси дастури президент барои рушди соҳаи алоқа, таъмини интернети баландсуръат, коҳиши арзиши он ва ҷалби сармоягузорон ба ин соҳа бо ин масъала машғул шавад.

Атоев илова намуд, ки айни ҳол аз ҳисоби мутахассисон ва муҳандисони соҳа ситоди доимӣ таъсис дода шудааст.

Дар радабандии навшудаи Speedtest Global Index (натиҷаҳои моҳи январи соли 2023) аз рӯи суръати интернети васеъхати сабтшуда байни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 109-ум қарор дорад.

Аз рӯи суръати интернети мобилӣ бошад, Тоҷикистон миёни 141 кишвар дар зинаи 134-ум қарор дорад.

Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, то 1 январи соли 2023 дар кишвар 3,8 млн нафар корбарони интернет ва зиёда аз 6,5 млн нафар муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳудуди 6,4 млн нафари онҳо корбарони фаъол мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...