“Танҳо танбал дар як ҷо кор мекунад”. Чӣ гуна Эҳсон Каримов муҳоҷиратро канор гузошта, дар Ватан муваффақ шуд?

Саидабдулло Нуриддинзода, журналисти шаҳрвандӣ

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд. Аксари таҳлилгарон инро ба набудани кори муносиб дар ватан марбут медонанд. Аммо як нафар тоҷике, ки чандин сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт, собит кардааст, ки дар Тоҷикистон низ метавон кори мувофиқ пайдо кард ва маблағи кофӣ ба даст овард.

– Соли 2010 буд. Дар зодгоҳ дар баъзе ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба сифати ихтиёрӣ фаъолият доштаму муддате дар Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Исфара фаъолият намудам. Аммо он маош ва даромаде, ки ҳамон вақт ба даст меовардам, барои кисахарҷии худам базӯр мерасид. Дар пешам оиладоршавӣ, кашидани бори зиндагӣ меистод. Даромади волидайнам ҳарчанд барои таъмини рӯзгорамон мерасид, аммо пасандоз карда намешуд. Ҳамчун фарзанди калонӣ ночор роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо  Эҳсон Каримов.

Эҳсон Каримов алҳол дар шаҳри Исфара зиндагӣ дораду беш аз даҳ сол мешавад, ки дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафтааст. Зеро дар муҳоҷирати меҳнатӣ сабақҳое зиёде гирифтааст ва яке аз ин сабақҳо таъмини рӯзгор дар Ватан мебошад. – Эрониҳо як сухан доранд, – мегӯяд дар идомаи суҳбат Эҳсон, – нафаре, ки дар як ҷой кор мекунад, ландаҳур меҳисобанд, оне, ки дар ду ҷой фаъолият мекунад, танбалаш мехонанд ва танҳо ҳамонеро муваффақ меҳисобанд, ки дар якчанд ҷой кор мекунаду барои ғанисозии буҷети оилавӣ фаъолияти серҷабҳа дорад. Айнан ҳамин гуфти эрониҳо барои ман такконбахши зиндагӣ дар Ватан аст.

4500 сомонӣ барои як моҳ басанда нест

Аз рӯйи гуфти қаҳрамонамон бармеояд, ки ӯ давоми ду сол (2010-2012) дар шаҳри Сочии Русия дар сехи халтакунии семент кор кардаасту дар як моҳ атрофи 30 ҳазор рубли русӣ, муодил ба 4500 сомонӣ музд ба даст меовардааст. Аз ин маблағ  10-15 ҳазор рублаш барои хароҷоти вобаста ба кору зиндагӣ дар Русия сарф мешудааст ва ба хона дар як моҳ ҳамагӣ имкони 15-20 ҳазор рубли русӣ  мефиристодааст.

– Дар муҳоҷират бо одамони қавму миллатҳои гуногуну синну соли мухталиф  ҳамсуҳбат мешудам. Ҳамроҳи мо марди миёнасоле кор мекард ва ҳама ӯро амаки Ҷалолиддин мегуфтанд. Номбурда мудом ба мо таъкидан мегуфт: “Шумоён ҷавон ҳастед, дар ин коргоҳ ба беморӣ гирифтор шудан мумкин аст, беҳтараш ба Ватан баргардеду тавонед ҳам дар замин кор кунед ва ҳам нигоҳубини молро ба роҳ монед. Агар дар Ватан ба якчанд кор машғул шаведу аз уҳдааш бароед, боварӣ дорам, даромади хуб  мегиред.” Ҳамин суханони амаки Ҷалолиддин боис шуд, ки ман баъди ба зодгоҳ омадан дигар ба муҳоҷират нарафтам ва кӯшиш намудам, дар ин ҷо аз пайи кор шавам, – мегӯяд Эҳсон Каримов.

Чорвопарварӣ, харидуфурӯш ва фаъолияти тренерӣ

Эҳсон Каримов мегӯяд, баъди баргаштан аз муҳоҷирати меҳнатӣ бо маблағи овардааш аввал ба нигоҳубини гӯсфанд машғул шуд. Аз бозор гӯсфандҳоро харида, онҳоро нигоҳубин намуда, баъди фарбеҳ шуданашон мефурӯхт. Сипас ба парвариши чорвои калон, ба мисли навбастҳо даст зад ва ҳоло ҳам ин корро идома медиҳад. Аз гуфтаҳои ӯ бармеояд, ки нигоҳубини чорво низ санъат мебошад ва бояд ҳеҷ гоҳ руҳафтода нашуда, хушбин бояд буд ва бо меҳрубонӣ ба ҳайвон рафтор кард.

– Ба ғайр аз чорводорӣ ба харидуфурӯши хушкмева низ даст задам. Аз бозорҳои Чилгазиву Лаккон зардолуи хушкро харида, дар бозори марказии шаҳр мефурӯхтам. Аз ин ҳисоб низ даромад ба даст меовардам. Оҳиста-оҳиста даромадам аз чорводориву харидуфурӯши хушкмева бештар гашт, – зикр мекунад Эҳсон Каримов.

Ӯ новобаста аз он ки даромади хуб дошт, фаъолият дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мадад расонидан ба дигаронро натавонист аз сар дур кунад. Бинобар ин, аз сари нав ба фаъолияти ихтиёрӣ машғул шуд.

-Ҳоло дар омӯзишҳои зиёд иштирок карда, тренерӣ ҳам мекунам. Аслан самти тренерии ман дар масъалаи роҳбаладӣ ба муҳоҷирони баргашта барои  дарёфти рӯзгори худ дар Ватан мебошад. Дар ин самт ба нафарони зиёде маслиҳатҳо додам ва аксари онҳо ҳоло дар зодгоҳи худ манбаи даромади хуб доранд.  Ҳамзамон ҷойи кори асосии ман ин Маркази таҳсилоти иловагии № 1-и шаҳри Исфара мебошад, – мегӯяд Эҳсон Каримов.

Равған истеҳсол мекунам, равған!

Ҳоло Эҳсон Каримов дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара дастгоҳи истеҳсоли равғани зағирро насб намуда истодааст. Мегӯяд, дар бозорҳо равғани зағир харидорони зиёд дошта, оше нест, ки дар он ин навъи равған истифода бурда нашавад. Аз гуфтаҳояш бармеояд, ки рӯзҳои наздик дастгоҳи ӯ ба истифода дода мешаваду боз чанд нафари дигарро соҳиби манбаи доимии даромад месозад.

Новобаста аз он ки Эҳсон Каримов дар Маркази таҳсилоти иловагии № 1 кор мекунад, аммо дар вақтҳои холигӣ ҳам ба нигоҳубини чорво машғул асту ҳам рӯзҳои бозор харидуфурӯш мекунад. Барои корафтодагон маслиҳатҳо медиҳаду ба сифати тренер дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият мебарад. Инчунин, дар ояндаи наздик равғане ба фурӯш хоҳад баромад, ки истеҳсолгараш Эҳсон Каримов аст.

Дар фароварди суҳбат Эҳсон Каримов бори дигар фаъолияти гуногунҷабҳаро асоси пешравӣ ҳисобида гуфт: Дар Исфара одамоне, ки новобаста аз мақому мартаба ба корҳои гуногун машғуланд, хеле зиёданд ва ҳеҷ нияти муҳоҷират рафтан накардаанд. Масалан, нафареро медонам, ки маоши аз ташкилот мегирифтааш 1300 сомонист.

Ду фарзандаш дар хориҷа таҳсил мекунанду як фарзандаш дар Душанбе донишҷӯст. Оё мешавад бо 1300 сомонӣ се нафарро донишҷӯй кард? Не, аслан имкон надорад, пас манбаи даромад чист? Манбаи даромад он аст, ки ин нафар танбал нест, балки талош дорад барои фарзандон бо меҳнати ҳалол дар Ватан ояндаи беҳтареро созад.

Матлаб дар доираи лоиҳаи "Журналистони шаҳрвандӣ", бахши "Муҳоҷират" таҳия шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...