Манбаъ: Бузургтарин масҷиди Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн ифтитоҳ мешавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Масҷиди калонтарини Тоҷикистон, ки бо маблағгузории давлати Қатар дар маркази Душанбе сохта шуд, бо иштироки роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар ба эҳтимоли зиёд рӯзи 8-уми июн ифтитоҳ хоҳад шуд. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло барои кушодаи ин масҷид омодагӣ мебинанд ва сафари амири давлати Қатарро ба Тоҷикистон интизоранд.

“Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар аввали моҳи июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ҷараёни ин сафар, ба эҳтимоли зиёд, рӯзи 8-уми июн президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ин масҷидро боз мекунанд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Сафари ҳайати Қатарро дар Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд, вале нагуфтаанд, дақиқан кӣ меояд.

Бояд гуфт, ки дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли ҷорӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфта буд, ки ин масҷид дар семоҳаи дуюми соли равон кушода мешавад.

Маврид ба зикр аст, ин бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон буда, тибқи иттилои ироагардида, дар он метавонанд дар як вақт беш аз 100 ҳазор нафар намоз гузоранд.

Бунёди масҷид моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 8 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро давлати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро давлати Қатар пардохт кардааст.

Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 500 мошин иборат аст.

Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъморӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра иборат аст.

Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...