КҲФ: Ҳаво номусоид ва хатари фаромадани селу ярч боқӣ мемонад

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 26-27 май болоравии сатҳи об дар дарёҳо бар асари боришот дар назар буда, дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳодисаҳои фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, бар асари боронҳои пуршиддат болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд пешбинӣ шудааст.

Ба ҷуз қисамти шарқи ВМКБ, эҳтимоли омадани селу ярч ва фаромадани сангреза қариб дар саросари кишвар зиёд аст.

Боришоти пуршиддат дар мавзеи доманакӯҳ ва кӯҳистон метавонад ба шусташавии хок ва лағзиши он боис гардида, барои нигоҳубину чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкил пеш орад.

“Кумита аз шаҳрвандон боисрор дархост мекунад, ки қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайругашт ба мавзеи кӯҳистон, чаронидани чорво, ҷамъоварии занбурӯғу дигар растаниҳои кӯҳӣ дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд. Ба кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро беназорат нагузоред. Дар ин рӯзҳо дар назди обанборҳо қраор доштан ва моҳидорӣ тавсия дода намешавад”, – омадааст дар хабари КҲФ.

Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки саривақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин бимонанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 май аз зарбаи раъду барқ сокини 17-солаи деҳаи Тагиҷари ноҳияи Ховалинг дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.  Ҷавон ҳангоми чаронидани чорво дар кӯҳ ҳалок шуд.

Ҳамин рӯз бар асари боришоти шадид ва жола дар деҳаҳои Чашмасор, Тилло Солеҳов ва Оҳуҷари ноҳияи Ёвон сел омада, бар асари он қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, роҳи мошингард ва заминҳои кишт зери об монданд.

Дар деҳаҳои ноҳияи Рашт низ сел омада, он 5-8 ва 9 километр роҳи мошингарди Нуробод-Сангворро баст. Обхезӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишти сокинони маҳаллӣ низ осеб расонид.

Дар ноҳияи Файзобод, шоми 24 май дар деҳаи Чилчашма бар асари бориши борон ва жола ярч фаромад. Дар натиҷа зиёда аз 30 cap чорвои калон талаф ёфт.

Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода ё нохуш ба телефонҳои қисми навбатдории КҲФ:  93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 занг занед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...