Беш аз 300 ҷудокор аз 40 давлат. Дар Душанбе Гран-при оид ба ҷудо баргузор мешавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Беш аз 300 ҷудокор аз 40 давлат барои иштирок дар Гран-прии Душанбе-2023, ки 2-4-уми июн дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, то имрӯз, 30-юми май, барои иштирок дар ин мусобиқа 313 варзишгар аз 44 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд.

“Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 варзишгар – 28 мард ва 6 зан – муаррифӣ менамояд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, теъдоди бештари варзишгарон барои иштирок дар Гран-прии Душанбе-2023 аз Аврупо (143 нафар) ва Осиё (145 нафар) номнавис гардидаанд.

Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикистон таъкид мекунад, Ган-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова мекунад.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад:

– Ҷойи 1-ум – 3000 доллар (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600);

– Ҷойи 2-юм – 2000 доллар (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400);

– Ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 доллар (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ин варзишгарон намояндагӣ мекунанд:

Мардон дар вазни -60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов, Муҳаммад Маҳмадизода;

– дар вазни -66кг – Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Шаҳбоз Саидаброров, Фирӯз Мелибойзода;

– дар вазни -73кг – Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Абубакр Шеров, Мирзоҷамил Рамазонов;

– дар вазни -81кг – Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Сайфиддин Сайфиддинзода;

– дар вазни -90кг – Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Акмал Муродов;

– дар вазни -100кг – Абубакри Акобир, Исроил Раҳимов, Эмомризо Анварзода, Раҳматулло Мирзоев;

– дар вазни +100кг – Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Иброҳим Элмуродов, Шакармамад Мирмамадов;

Бонувон дар вазни -48кг – Шукрона Қарчиева, Мадина Қурбонзода;

– дар вазни -52кг Аҳлия Муъминова;

– дар вазни -57кг – Шоҳида Қаландарова, Фазилат Гулбоева;

– ва дар вазни -63кг Мавлуда Одинаев;

Бояд гуфт, ки қаблан шаҳри Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар давраи солҳои 2023-2026 ҳаққи баргузории мусобиқоти Гран-приро соҳиб гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки Гран-при оид ба ҷудо ҳар мавсим дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Пеш аз Бозиҳои олимпӣ баъзе Гран-приҳо дорои иҷозатнома мебошанд, ки дар он варзишгарон дар рейтинги олимпӣ соҳиби холҳо мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...