Фурӯши 160 китоби бачагона бо 50 дарсад тахфиф. Дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон боз чӣ пешбинӣ мешавад?

Asia-Plus

Имрӯз, 30-юми май, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Душанбе намоиш – фурӯши 160 номгӯй китоби рангаи бачагона бо 50 дарсад тахфиф оғоз ёфт. Ҳамзамон, рӯзи 1-уми июн барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти шиори “Кӯдакон – ҷаҳони мо!” дар пойтахти кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Тавре хабаргузории “Ховар” менависад, намоиш-фурӯши китобҳо аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Истиқбол” дар саҳни маҷмааи “Шарқи Озод” ба роҳ монда шудааст.

“Ҳадаф аз баргузории намоиш – ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаи хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад”, – гуфтааст манбаъ.

Дар рӯзи аввали намоиши мазкур адибону олимон, дӯстдорони китобу толибилмон иштирок намуда, дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ изҳори назар карданд.

Таъкид мешавад, ки дар ин маъракаи фарҳангӣ дар баробари хариди китоб ҳамзамон, хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки бо шоирону нависандагони шинохтаи тоҷик ҳамсуҳбат гардида, аз онҳо соядаст низ гиранд.

Ҳамин тавр, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон соати 18:00-и рӯзи 1-уми июн дар “Боғи кӯдакона”-и пойтахт барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти шиори “Кӯдакон  – ҷаҳони мо!” баргузор мешавад.

Дар рафти барнома намоиши маҳсули эҷодии кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии пойтахт ва бозиҳои ҷолиб барои кӯдакон ба нақша гирифта шудааст.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқаҳои интеллектуалӣ, маърифатӣ ва варзишӣ бо диплом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Бояд гуфт, ки 1-уми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин яке аз муҳимтарин ҷашнҳои байналмилалӣ мебошад, ки соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди зиндагии кӯдакон дар Женева (Швейтсария) тасдиқ шудааст.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон низ бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" таҷлил мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...