Сафорати Тоҷикистон дар Русия тафсилоти латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амурро ба “Азия-Плюс” ироа кард, аммо сабаби латукӯбро шарҳ надод.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар посух ба мактуби “Азия-Плюс” оид ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амур гуфт, дар пайи ин қазия гурӯҳи кории Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ҷойи ҳодиса – шаҳри Хабаровск рафтаанд.
“Дар ҳошияи ин сафар кормандони Сафорат ва Консулгарии генералӣ бо донишҷӯёни тоҷик ҳамсуҳбат шуда, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик ошноӣ пайдо намуданд”, – омадааст дар пасух.
Ба иттилои Сафорат, дар ин ҳодиса 10 донишҷӯи Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амур “ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд, вале ҳоло саломатиашон муътадил арзёбӣ мегардад”.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Консулгарии генералӣ ба донишҷӯёни осебдида “ҳамаи кӯмакҳои заруриро” расонидаанд.
Аммо Сафорат дар ҷавоб ба мактуби дуюми “Азия-Плюс” ҳам ҳозир нашуд, ки сабаби рух додани ин ҳодисаро шарҳ диҳад. Танҳо зикр мешавад, ки “ҳоло қазияи мазкур аз ҷониби кормандони Сафорат ва Консулгарии генералӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдори кишвари иқомат мавриди баррасӣ қарор дорад. Сафорат барои ҳалли одилонаи қазияи мазкур дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари иқомат талош хоҳад варзид”.
То ин лаҳза, ҳеҷ як аз мақомоти Русия расман шарҳ надодааст, ки сабаби чунин бархӯрди хашин бо донишҷӯёни тоҷик чӣ аст.
Посухи мақомоти Русия ба мактубҳои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ то ҳол номаълум боқи мемонад.
Ёдовар мешавем, ки 23-юми майи соли дар бораи латукӯби беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск хабар интишор шуд.
Тибқи хабарҳои нашршуда, ҳодиса субҳи барвақти рӯзи 19-уми май рух додааст ва он замон афсарони ба истилоҳ “ОМОН” ва “ФСБ” қабл аз оғози дарс ба хобгоҳ даромада, баъди хомӯш кардани камераҳои назоратӣ донишҷӯёнро бидуни далел латукӯб кардаанд.
Як шоҳиди ҳодиса гуфтааст, ки “низомиёни ниқобпӯш бо таппонча ва “электрошокер” мусаллаҳ буда, дар даст дастпӯшакҳои “кастетмонанд" доштаанд”, хабар медиҳад Телеграм-канали “Komsagram”.
“Агар касе, ки мепурсид, чаро онҳоро латукӯб мекунанд, мушти иловагӣ мехӯрд. Дар ин хобгоҳ донишҷӯёни миллатҳои дигар низ буданд, аммо танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди латукӯб қарор гирифтанд. Баъд ҳамаро дар долони хобгоҳ қатор карда, ба тафтиши ҳуҷҷатҳо шурӯъ карданд”, – афзудааст манбаъ.
Рӯзи 20-уми май донишҷӯён ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия занг зада, кумак хостаанд.
“Вақте телефонҳои рӯзи ҷумъа мусодирашударо рӯзи шанбе ба мо баргардониданд, дарҳол ба сафорат занг задем. Аммо онҳо ба мо гуфтанд, ки имрӯз шанбе, рӯзи ғайрикорӣ аст ва рӯзи душанбе бо мо тамос хоҳанд гирифт. Аммо то ҳол касе ба мо тамос нагирифтааст”,-“Komsagram” аз донишҷӯ иқтибос овардааст.
Ба гуфтаи ӯ, телефону ҳуҷҷатҳои донишҷӯёнро мусодира кардаанд. Шаш донишҷӯ аз Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, баъдтар раҳо шудаанд. Дар ҷараёни ин “рейд” 15 нафар захм бардоштаанд, ки ба гуфтаи манбаъ, бархе аз онҳо ба ҷарроҳӣ ниёз доранд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова хост, ки ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск дахолат карда, ба тафтиши холисонаи ҳодиса мусоидат намояд.


