Меъморе дар орзуи бунёди хонаи хеш

Мубораки Қосим, хабарнигори шаҳрвандии Asia-Plus

Мавҷуда Ҷабборова 50 сол дорад ва аз камтарин занҳоест, ки бо вуҷуди имконияти маҳдуд, дар ҳаёт рӯҳафтода нашуда, барои муваффақ шудан, талош кардааст. Ӯ чанд сол дар идораи меъмории шаҳри Кӯлоб фаъолият карда, тарҳи чандин биноҳои Кӯлобро кашидааст. Ҳоло ба кӯдакони имконияташон маҳдуд дарси рассомӣ медиҳад ва худ низ донишҷӯ аст.

Муваффақияти ин зан дар вазифаи пурмасъулият ва иродаи матини ӯ барои расидан ба ҳадафи назди хеш гузошташуда моро назди Мавҷуда Ҷабборова бурд.

12 қалами сарнавиштсоз

Мавҷуда Ҷабборова чандин сол дар идораи меъмории шаҳри Кӯлоб фаъолият карда, ҳоло ба кӯдакони инконияти маҳдуддошта, яъне қобилияти суханварӣ надошта, ҳунари рассомӣ меомӯзад. Дар баробари ин, дар Донишкадаи технологӣ ва иноватсионии шаҳри Кӯлоб таҳсил мекунад.

Барои нафаре, ки худ низ имконияти маҳдуд дорад, меъморӣ, тадриси кӯдакон ва таҳсил дар донишкада муваффақияти бузург аст. Ин ҳама намебуд, агар ба ӯ дар хурдӣ падараш 12 қалам тӯҳфа намекард.

Сухан аз он аст, ки Мавҷуда Ҷабборова наметавонад сухан гӯяд, аз ин лиҳоз, натавонистааст мисли ҳамсолонаш ба мактаб равад.

“Вақте хурдсол будам ва ҳамсолонаш ба мактаб мерафтанд, ғамгин мешудам, ки чаро ман мисли онҳо нестам ва ба мактаб намеравам. Зиёд мегиристам. Падарам ғамгинии маро дида, рӯзе бароям 12 қалам овард, то дар хона тавонам ба расмкашӣ машғул шавам. Ва чун худ рассом буд, ба ман ҳам ин ҳунарро омӯзонид. Пас аз ин, ман бо тамоми нерӯ ба олами рангҳо ворид шудам ва рассомиро дар худ сайқал додам”, – ба хотир меорад Мавҷуда Ҷабборова.

Вақте ба балоғат расид, тасмим гирифт, ки ҳунари рассомиро ба таври касбӣ омӯзад. Бо ин мақсад ба шаҳри Душанбе омад ва ба Колеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дохил шуд.

“Таҳсил дар коллеҷ бароям олами дигар буд, чун то он лаҳза ҳеҷ гоҳ дар мизи омӯзишгоҳ нанишаста будам”, – бо ҳаяҷон ба ёд меорад  Мавҷуда Ҷабборова.

Бунёди маҳаллаи Истиқлол баъди сел ва тадриси кӯдакон

Ӯ баъди хатми коллеҷ ба зодгоҳаш – шаҳри Кӯлоб баргашта, дар идораи меъмории шаҳри Кӯлоб ба фаъолият мепардозад.

Соли 2010 ба шаҳри Кӯлоб сел омада, чандин хонаҳоро валангор мекунад. Мавҷуда Ҷабборова ҳамчун корманди идораи меъмории шаҳр дар бунёди чандин маҳалла ва хонаҳои нав дар шаҳри Кӯлоб саҳми худро мегузорад. Аз ҷумла, лоиҳаи бунёди маҳаллаи Истиқлол, ки бо номи “Қитъа” дар Кӯлоб маъруф аст, ба қалами қаҳрамони мо маҳсуб аст.

Ӯ беш аз 10 сол дар идораи меъмории шаҳри Кӯлоб кор карда, баъдан ба Мактаби рассомии шаҳри Кӯлоб ба кор меравад. Ҳоло ӯ дар ин даргоҳ ба кӯдакон ҳунари рассомӣ меомӯзонад.

Ҳамкоронаш мегӯянд, Мавҷуда зани боистеъдод ва ҳалиму масъулиятшинос аст.

Суратбӣ Одинаева, яке аз ҳамкорони қаҳрамони мо дар Мактаби рассомӣ мегӯяд, дар оғоз барояш фаҳмидани андешаи Мавҷуда душвор буд, чун бо имову ишора суҳбат мекард, аммо бо гузашти бо ӯ унс грифт ва ҳоло матлаби ҳамкорашро мефаҳмад.

“Рӯзе дар як чорабинӣ, ба муассисаи мо меҳмонони баландмақом омаданд. Мавҷуда дар чанд дақиқа расми яке аз меҳмононро чунон зебову табиӣ тасвир карда, барояш туҳфа кард, ки ҳамаамон дар ҳайрат мондем. Меҳмон ҳам болида гардидаву аҳсан хонд”, – гуфт Суратбӣ Одинаева.

Дар орзуи бунёди хонаи хеш

Ҳоло Мавҷуда Ҷабборова донишҷӯи Донишкадаи технологӣ ва иноватсионии шаҳри Кӯлоб низ мебошад. Дар риштаи тарроҳӣ таҳсил мекунад.

“Аз бибиам ҳунари зардӯзиву гулдӯзиро омӯхтаам. Мехоҳам ин ҳунарамро низ сайқал диҳам ва бо ин ҳадаф, ба донишкада дохил шудам. Пас аз хатми донишкада, мехоҳам коргоҳи хурдӣ тарроҳӣ бунёд карда, ғояҳои худро на танҳо дар қоғаз, балки дар амал татбиқ кунам”, – мегӯяд Мавҷуда Ҷабборова.

Бештар аз ин, ӯ орзуи бунёди хонаи хешро дорад. Ҳоло Мавҷуда дар хонаи падар ва танҳо зиндагӣ мекунанд ва орзу дорад, дар қитъаи замине, ки барояш падараш туҳфа кардааст, хонаи худро созад.

“Пули зиёд кор намекунам, аммо солҳост аз маошам чанд пуле пасандоз мекунам. Мехоҳам барои худам хона созам”, – бо умед мегӯяд Мавҷуда Ҷабборова.

Ҳамин аст, ки Мавҷуда Ҷабборова пайваста кор мекунад, ҳунари худро такмил медиҳад, навгонӣ меҷӯяд ва назди касе, ҷуз Худои худ ва падари хеш сархам нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...