Президенти Федератсияи байнулмилалии ҷудо Мариус Визер ба Душанбе омад

Asia-Plus

Дар маросими қуръакашии имрӯзаи мусобиқаи ҷаҳонӣ аз силсилаи Гран-прии ҷудо Душанбе-2023, ки рӯзҳои 2-4 июн дар доираи Мусобиқаи ҷаҳонии Федератсияи байнулмилалии ҷудо доир мегардад, ҳарифони ҷудокорони 40 кишвари 5 қораи дунё маълум мешаванд.

Президенти Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) Мариус Визер ва аксари игтирокчиёни Гран-прии Душанбе-203 аллакай ба Душанбе омадаанд, хабар медиҳад Федератияи ҷудои Тоҷикистон.

Имрӯз дар Қасри миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Мариус Визерро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ гардид.

Таъкид гардид, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир мегардад, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.

То имрӯз барои иштирок дар ин мусобиқа 317 ҷудокор аз 40 давлат худро сабтином кардаанд.

Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 варзишгар – 28 мард ва 6 зан – муаррифӣ менамояд.

Ган-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, холҳои гирифтаи варзигарон ба рейтинг дохил мешавад.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад:

– Ҷойи 1-ум – 3000 евро (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600);

– Ҷойи 2-юм – 2000 евро (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400);

– Ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 евро (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).

Бояд гуфт, ки қаблан шаҳри Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар давраи солҳои 2023-2026 ҳаққи баргузории мусобиқоти Гран-приро соҳиб гардида буд.

Баъдан дар Абу-Даби байни Федератсияи байнулмилалии ҷудо ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ки ба он Исмоил Маҳмадзоир, набераи президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад, созишномаи дахлдор ба имзо расид.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки портали украинии sport24.ua хабар медиҳад, мунтахаби ҷудои Украина бинобар сабаби ба мусобиқа роҳ додани варзишгарони Русия ва Беларус, аз иштирок дар мусобиқаи Гран-прии Душанбе даст кашид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...