БАОР: соли 2023 рушди иқтисоди Тоҷикистон то 7,9% мерасад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) интизорӣ доранд, ки соли равон рушди иқтисоди Тоҷикистон 7,9%-ро ташкил хоҳад дод.

Дар ин бора дар Пешгӯии навшудаи макроиқтисодии Бонк дар давраи солҳои 2023-2025 барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзи 1 июн нашр шуд, маълумот дода мешавад.

Ба ақидаи коршиносон, ба ин талаботи дохилии зиёд дар бозори истеъмолӣ ва афзоиши савдои мутақобила мусоидат мекунад.

“Пешгӯӣ дар соли 2023 барои ҳамаи давлатҳои узви Бонк беҳтар шуд. Натиҷаҳои аввали соли ҷорӣ дар пасманзари хеле зуд мутобиқшавии иқтисодҳои минтақа ба шароитҳои дар соли 2022 тағйирёфтаи фаъолият ва дастгирӣ аз ҷониби сиёсати андозу буҷет дар як қатор кишварҳо аз ҷумлаи омилҳои асосии бозбинии пешгӯӣ мебошанд”, – менависанд таҳлилгарон.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 коршиносон рушди ММД дар Осиёи Марказиро дар маҷмӯъ 1,5% интизорӣ доранд.

Ҳамзамон, таҳлилгарони Бонк пешгӯӣ мекунанд, ки то охири соли 2023 коҳишёбии умумии таваррум дар минтақа то 6,4 фоизро ташкил хоҳад дод.

Омилҳои асосӣ мутобиқшавии иқтисодҳо ва барқароршавӣ аз зарбаи аввали соли 2022 хоҳанд буд, ки ҳангоми поинравии босуръати арзиш ва интизориҳои таваррумӣ мушоҳида мешуд.

Тибқи сенарияи заминавӣ, то охири соли 2023 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,6% пешбинӣ шудааст.

Ба ақидаи муаллифони гузориш, коҳиши пешбинишудаи таваррум барои коҳиши меъёрҳои калидӣ аз ҷониби бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и аксари кишварҳои минтақа дар давраи миёнамӯҳлат замина фароҳам меорад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки қурби арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбат ба доллар дар соли ҷорӣ 10,8 сомонӣ (барои 1 доллар) хоҳад буд.

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) – созмони байнулмилалии молиявиест, ки ба фаъолияти сармоягузорӣ дар паҳнои АвруОсиё машғул аст. Аллакай 16 сол инҷониб БАОР ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин рушди ҳамаҷонибаи кишварҳои узви Бонк – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...