Нақшаи даъвати ҳарбӣ иҷро шуд. Мақомот рӯйхати “артишгурезон”-ро тартиб додааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Нақшаи даъвати ҳарбии баҳорӣ дар Тоҷикистон сад дар сад иҷро шудааст Дар ин бора Вазорати дифоъи Тоҷикистон субҳи имрӯз, 2-юми июн хабар дод.

Ин ниҳод, баъди як рӯзи ҷамъбасти маъракаи давати ҳарбӣ хабар дод, ки “то 31-уми майи соли 2023 вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ оид ба иҷрои нақшаи пешбинигардида гузориш доданд”.

Қаблан мақомот дар бораи иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ВКМБ ва шаҳри Душанбе хабар дода буданд.

Ин ниҳод аз ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки “…тайи солҳои охир…сафи ҷавононе, ки бо гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд, хело зиёд аст”.

Вале гуфтааст, ки бо вуҷуди ин, дар маъракаи даъвати ҳарбӣ шаҳрвандоне буданд, ки баъди гирифтани даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир нашуданд ва мақомот рӯйхати онҳо тартиб дода, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст ва нисбат ба чунин ҷавонписарон чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.

Маъракаи даъвати имсола “шева”-ҳои ба худ хосро дошт. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо. Ахиран, навори латукӯби наваскарон аз ҷониби ҳамхидматони худ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ паҳн шуд, боиси такроран оғоз шудани баҳсҳо гардид.

Дар пайи ин, Додситони кулли Тоҷикистон изҳорот нашр карда, хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 15 декабри соли 2022 қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рух додааст ва вобаста ба он прокуратураи ҳарбӣ 5 нафар хидматчиёни ҳарбӣ ва подполковник Нузхат Лазуриев, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ-ро боздошт кардааст.

Дар робита ба ин, рӯзи 30-юми майи соли равон як подполковник ва 7 сарбози собиқ барои латукӯби наваскарон аз 9,5 то 11,5 сол зиндонӣ шуданд.

Дар Тоҷикистон ду маротиба – дар фасли баҳор ва тирамоҳ шаҳрвандони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Маҳз дар ҳамин давра расонаҳо дар бораи даҳҳо ҳодисаи ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмат хабар нашр мекунанд. Мақомот ҳамеша ин хабарро рад ва афзоиши шумори ихтиёриён ба хидмати ҳарбӣ эълон мекунанд. . Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...