Президенти Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон меояд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Бонки осиёии рушд (БОР) Масатсугу Асакава рӯзҳои 12-13 июн аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар дод намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл рӯзи 1 июн зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО дар Душанбе.

Дар ҷараёни сафар дидору гуфтушунидҳои Асакава бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мансабдорони воломақоми ҳукумати кишвар ҷиҳати машварат оид ба эҳтиёҷот рушди Тоҷикистон ва Барномаи кумаки Бонк ба ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимни боздид баргузории чорабиниҳо ба муносибати 25-солагии шарикӣ бо Тоҷикистон, инчнин 20-умин солгарди таъсисёбии намояндагии доимии БОР дар ҷумҳурӣ дар назар аст.

Зимнан зикр шуд, ки дар доираи сафар Асакава ҳамчунин бо рафти амалисозии лоиҳаҳои Бонк дар Тоҷикистон аз наздик шинос мешавад.

БОР соли гузашта ба Тоҷикистон ба сифати кумаки бебозгашт 221 млн доллар ва соли равон – 80 млн доллар ҷудо карда, соли оянда ихтисос додани 240 млн доллар грантро дар нақша дорад.

Дар назар аст, ки соли 2023 БОР ду лоиҳаи навро ҷиҳати маъқул шуморидан то охири ҳамин сол таҳия мекунад: “Рушди электроэнергетика” ва “Баланд бардоштани дастрасӣ ва сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологияҳо, муҳандисӣ ва математика (STEM)”.

Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба се самти афзалиятнок асос меёбад:

– ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо;

– баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ;

– мусоидат ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисод.

Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз соли 2018 иқтисоди Тоҷикистонро танҳо дар шакли кумаки бебозгашт дастгирӣ мекунад.

Аз соли 1998 Бонк барои Тоҷикистон зиёда аз 180 лоиҳаро ба маблағи умумии 2,5 млрд доллар, аз ҷумла 1,9 млрд доллар дар шакли грант маъқул донист. 

Ҳудуди 34% аз ин кумак ба соҳаи нақлиёт, 24% – ба энергетика, 12% – ба идоракунии давлатӣ, 11% – ба бахши кишоварзӣ ва қисмати боқмонда – ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, молия ва зерсохтори шаҳр рост меояд.

Масатсугу Асакава 17 январи соли 2020 ба ҳайси президенти БОР ба фаъолият пардохт. То омадан ба ин мансаб ба сифати мушвири сарвазир ва вазири молияи Ҷопон ва қариб чор даҳсола дар Вазорати молияи Ҷопон кор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...