ИА умедвор аст, ки кишварҳои ОМ ба Русия дар канорагирӣ аз таҳримҳо кумак намекунанд

Фергана

Иттиҳоди Аврупо (ИА) умедвор аст, ки бо роҳи дипломатӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ)-ро муътақид месозад, ки дар канорагирӣ аз таҳримҳо ба Русия кумак накунанд, изҳор дошт раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел зимни нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои нишасти “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”, ки дар шаҳри Чолпон-Ота баргузор шуд, хабар медиҳад Фергана.

“Мо аллакай нисбати онҳое, ки мошини низомии Русияро дастгирӣ мекунанд, тадбирҳои зиёд рӯйи даст гирифтем. Ҳозир бастаи 11-уми таҳримҳоро баррасӣ дорем, то ки хавфи канорагирӣ аз онҳоро коҳиш диҳем. Аммо возеҳ гуфтанӣ нестам, ки мо ҳеҷ гуна чораҳои ғайридавлатиро татбиқ намекунем, ки ин махсусан муҳим аст, мо мехоҳем бо ҳама шарикони худ дар саросари ҷаҳон танҳо тавассути муколама кор кунем”, – гуфтааст Шарл Мишел (тарҷумаи ТАСС).

Раиси Шӯрои Аврупо хотиррасон намудааст, ки намояндаи махсуси ИА оид ба таҳримҳо Дэвид О'Салливан ба Осиёи Марказӣ фиристода шуд, ки “имконият дошт бо намояндагони ҳамаи давлатҳои минтақа вохӯрда, тамоми масоили марбут ба таҳримҳоро баррасӣ намояд, то ки аз як тараф шарикони моро бовар кунонад, ки ба Русия барои канорагирӣ аз таҳримҳо кумак накунанд, аз тарафи дигар, аз онҳо оқибатҳои таҳримҳои моро шунавад”.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки аз тариқи ИДМ ба Русия маҳсулоти зиёди истеҳсолшуда дар ИМА, Ҷопон ва Аврупо, аз смартфонҳо то мошинҳо ворид карда мешаванд. Масалан, тавре О’Салливан хабар дод, то охири соли 2022 содироти мол аз ИА ба Қирғизистон 300% ва аз рӯи баъзе намудҳо – технологияҳои пешрафта ва молҳои таъиноти дугуна – 700% афзоиш ёфтааст.

Аз Қазоқистон ба Русия назар ба як соли қабл тақрибан 2 млрд доллар бештар мол фиристода шуд. Дар ҳамин ҳол, дар 8 моҳи соли 2022 интиқоли смартфонҳо 88 маротиба ва мониторҳо беш аз 300 баробар афзоиш ёфтааст. Агар дар соли 2021 Қазоқистон ба Русия ба маблағи 12 ҳазор доллар нимноқилҳои пешрафта содир карда бошад, соли 2022 ин нишондиҳанда ба 3,7 млн доллар расидааст.

Шарл Мишел зимни суханронӣ пас аз нишаст таъкид дошт, ки Иттиҳоди Аврупо шарики боэътимод ва пешбинишаванда барои Осиёи Марказӣ буда, ҳамкориҳояш дар дурнамои дарозмуддат пешбинӣ мешавад.

«Кишварҳои узви ИА бузургтарин манбаи сармоягузории мустақими хориҷӣ дар минтақа мебошанд, ки беш аз 40%-и сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба онҳо рост меояд. Мо бо чанд кишвари Осиёи Марказӣ созишномаҳои шарикӣ баста, ҳамкориҳои густарда дорем. Ва онҳо имкон доранд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи моро ба сатҳи нав бароранд”, – гуфтааст роҳбари Шӯрои Аврупо.

Дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”, ки рӯзи 2 июн доир гардид, раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел, сарони чор кишвари минтақа – Қосим-Жомарт Токаев (Қазоқистон), Садир Жапаров (Қирғизистон), Эмомалӣ Раҳмон (Тоҷикистон) ва Шавкат Мирзиёев (Ӯзбекистон), инчунин муовини сарвазири Туркманистон  Нурмухаммет Аманнепесов ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки аввалин вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел 27 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...