Тағйири иттиҳоми гумонбарон дар робита ба марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар Кӯлоб. Се корманди милитсия ба шиканҷа айбдор мешаванд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Мурофиаи додгоҳии се корманди милитсияи шаҳри Кӯлоб дар робита ба  марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини ин шаҳр, ки боиси эътирози пайвандони ӯ ва чанде аз сокинони шаҳр гардида буд, оғоз шудааст. Онҳо ба шиканҷаи Абдуқаҳҳор Разоқови 37-сола айбдор мешаванд.

Умед Ниёзов, вакили дифои оилаи Розиқовҳо дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, тафтишот се корманди милитсия – Шамшод Шарифов, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматовро бо моддаи 143 иловаи 1-и  қисми 3 (шиканҷа) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҶТ айбдор мекунад.

Қаблан, онҳо барои “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” (қисми севуми моддаи 316-и Қонуни ҷиноӣ) айбдор мешуданд.

“Баъдан, дар рафти тафтишоти пешакӣ, муфаттишон моддаи 316-ро ба моддаи 143 иловаи 1 қисми 3 (шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бандубаст карда, ба додгоҳ ирсол карданд. Мурофиаи судӣ идома дорад”,- гуфт Умед Ниёзов.

Қаблан, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки аз се корманди Раёсати корҳои дохилии Кӯлоб, ки дар робита ба марги сокини 37-солаи Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқов дастгир шуда буданд, ду нафарашон ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод гардида, танҳо муқобили нафари сеюм, ба гумони “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” (қисми севуми бо моддаи  316-и Қонуни ҷиноӣ) парванда боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Абдуқаҳҳор Розиқов шаби 2-юм ба 3-юми январ, пас аз боздошт аз сӯйи маъмурони милиса, ҷон бохт. Наздиконаш даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон бохтааст, аммо мақомоти расмӣ мегӯяд, шиканҷа шудани ӯ ҳанӯз тасдиқи худро наёфтааст.

Дар пайи ин ҳодиса, даҳҳо сокини шаҳри Кӯлоб дар назди сардхонаи бемористони шаҳр ҷамъ омада, аз мақомот сабаб ва омилони марги Абдуқаҳҳор Розиқовро талаб карданд. Наздиконаш иддао доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа даргузаштааст.

ВКД бо нашри изҳорот сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истифодаи зиёди маводи сахттаъсири навъи амфетамин номид.

Дар изҳороти ВКД гуфта мешавад, ки 2-юми январи соли 2023 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милисаи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Пиронов Акбар Самадқулович ҳангоми ба муомилот баровардани маводи нашъадор дастгир ва аз ӯ 356 гр ҳашиш дарёфт карда шуд.

Аз нишондодҳои дастгиршуда Пиронов А.С. маълум карда шуд, ки номбурда маводи нашъадори мазкурро аз шаҳрванд Розиқов Абдуқаҳҳор Исроилович ба маблағи 5000 сомонӣ харидорӣ намудааст.

Дар изҳороти ВКД таъкид мешавад, ки 3-юми январи соли 2023, Розиқов А.И. дар манзили истиқоматиаш дастгир шуда, аз хонаи ӯ маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...