ВАО: дар вилояти Ленинград қарор шуд, ки тоҷикистонии интизори ихроҷро ба ҷанг мефиристанд

Asia-Plus

Мақомоти Русия тасмим гирифтанд, ки тоҷикистонии тибқи қарори суд интизори ихроҷ ба ватанро ба ҷанг мефиристанд; ин шаҳрванди хориҷӣ чандин бор муқоибили иштирокаш дар амалиёти ҷангӣ изҳори назар кардааст. Дар ин бора маҷаллаи “Холод” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, рӯзи 30 май шаҳрванди Тоҷикистон Далерҷон ва боз якчанд хориҷиёнро ба қисми ҳарбӣ дар вилояти Ленинград овардаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон ба маҷалла изҳор доштааст, ки ӯ барои хидмат дар артиши Русия қарордод имзо накардааст.

“Дар қисми ҳарбӣ гуфтанд, ки аз номи мо аллакай ҳамааш имзо шудааст. Ман ба ҷанг рафтан намехоҳам, ба онҳо гуфтам, ки ба хона меравам. Онҳо посух доданд, ки танҳо пас аз зиндон ба хона рафта метавонам”, – гуфтааст Далерҷон.

Ба гуфтаи Далерҷон, шиносномаашро аз ӯ гирифтаанд. Илова бар ин, ӯ зикр кардааст, ки дар қисми ҳарбӣ шаҳрванди Ӯзбекистон низ қарор дорад, ки ӯ ҳам намехоҳад дар ҷанг иштирок кунад.

Далерҷон бо консулгарӣ ва сафорати Тоҷикистон дар робита шуда натавонистааст.

Тайи 25 рӯзи ахир Далерҷон пас аз боздошт дар маркази нигаҳдории муваққатии хориҷиён дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград қарор доштааст. Дар марказ ӯро “бе ҳеҷ гуна шарҳ” маҷбур кардаанд, ки кадом як ҳуҷҷатеро имзо кунад. Пас аз имзои ҳуҷҷатҳо кормандони комиссаритати ҳарбӣ барои бурдани хориҷиён омадаанд.

Шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 4 май боздошт кардаанд. Кормандони БДА мошини ӯро барои санҷиши ҳуҷҷатҳо дар вилояти Ленинград боздоштаанд. Далерҷон ҳуҷҷати иҷозатномаи иқомат дар Русияро надоштааст.

Рӯзи 5 май суди шаҳри Кингисеппски вилояти Ленинград ӯро дар мустақилона тарк накардани қаламрави Русия гунаҳкор дониста, қарор кардааст, ки аз Русия ихроҷ шавад. Ба Далерҷон ҳамчунин дар ҳаҷми 3 ҳазор рул ҷарима таъин шудааст.

Қаблан низ хабарҳои маҷбур кардани шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати иштирок дар ҷанг дар қаламрави Русия расонаӣ шуда буд. Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи башар гуфта буд, қабл аз эълони сафарбарӣ ба ӯ аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки мансабдорон мехостанд ба артиш ҷалб кунанд, ҳазорон арзу шикоят расидааст.

Бино ба маълумоти Чупик, кормандони маркази муҳоҷират бо як нақшаи қаллобӣ шаҳрвандони хориҷиро ба артиш фаъолона ҷалб мекарданд.

Рӯзи 25 май маълум шуд, ки Русия хуруҷи шаҳрвандони дорои душаҳрвандии Тоҷикистонро манъ кард. Тоҷикистониёне, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд, аз манъи хуруҷ аз кишвар шикоят карданд. Дар баробари ин, ба онҳо фиристодани даъватномаҳои электронӣ шурӯъ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...