Вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон меояд

Date:

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзҳои 5-6 июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад ВКХ Русия.

Дар ҷараёни сафари дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ки сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯриҳо масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба, дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарии Маскаву Душанбе баррасӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ба масъалаи густариши минбаъдаи ҳамоҳангсозиии амал байни Русия ва Тоҷикистон дар майдонҳои асосии бисёрҷониба бо шумули СААД, ИДМ, СҲШ, инчунин СММ, САҲА ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related