Дар Тоҷикистон ҳудуди 400 ҳазор тонна ҳосили сабзавоту полезиҳо ҷамъоварӣ шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар мавсими баҳор 10% аз маҳсулоти кишоварзии пешбинигардида ҷамъоварӣ шудааст. Ҳосили барвақии сабзавот ва полезиҳо зиёда аз 400 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Аз ҷумла ҳудуди 270 ҳазор тонна пиёз, зиёда аз 38 ҳазор тонна сабзӣ, 26 ҳазор тонна бодиринг, 20 ҳазор тонна карам, беш аз 11 ҳазор тонна полезиҳо ва ҳудуди 10 ҳазор тонна помидор ҷамъоварӣ шудааст. Имсол ҳосилнокии сабзавоту полезиҳо ба ҳисоби миёна 32 тонна аз 1 гектарро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, зиёда аз 103 ҳазор тонна картошка парвариш шудааст. Ҳосили меваҳои барвақтӣ 19 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ҳудуди 92 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст.

Дар мавсими нав дар Тоҷикистон парвариши ҳудуди 3,5 млн тонна сабзавот ва полезиҳо, беш аз 1,1 млн тонна картошка, 500 ҳазор тонна мева ва 281 ҳазор тонна ангур ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷумҳурӣ дар майдони 440 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронида шуда, дар 180,4 ҳазор гектараш пунбадона ва дар майдони боқимонда зироати ғалладона ва сабзавот кишт шудааст.

Мувофиқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, дар Тоҷикистон имсол парваришу истеҳсоли 1,6 млн тонна зироати ғалладона, аз ҷумла 975 ҳазор тонна гандум пешбинӣ мешавад. Истеҳсоли пахта бо зиёд шудани ҳиссаи коркарди он дар дохили кишвар дар ҳаҷми 430 ҳазор тонна дар назар аст.

Дар Тоҷикистон имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили барвақтии маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Дар заминҳое, ки навъҳои барвақтии гандуму ҷав, пиёз ва баъзе дигар навъҳои сабзавот ҷамъоварӣ карда шуда буданд, кишти зироатҳо, аз ҷумла шолӣ, навъҳои тирамоҳии сабзавот, ҷуворимакка, зироатҳои хӯроки чорво  ва ғайра барои гирифтани ҳосили дуюм ҷараён дорад.

Қисмате аз ҳосил ба хориҷи кишвар содир мешавад. Аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан пиёз, сабзӣ, карам, мева ва сабзавоти тару тоза, хушкмева ва маҳсулоти кишоварзии коркардшуда – шарбат (афшура) ва консерваҳо интиқол дода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...