Расулзода: “Тоҷикистон ба афзоиши содироти мол ба кишварҳои ИИАО омода аст”

Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 8 июн дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар Сочи изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори афзоиши ҳаҷми гардиши моли хориҷӣ бо ҳамаи кишварҳои Иттиҳод (Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон) аст. Қоҳир Расулзода дар ин ҷаласа ба сифати меҳмони даъватшуда ширкат варзид.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳод равобити наздики тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

«Дар гардиши савдои хориҷии кишвар дар соли 2022 ҳиссаи савдо бо кишварҳои узви ИИАО 42 фоизро ташкил дод, – гуфт ӯ. – Гузашта аз ин, мо қариб нисфи ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро ба кишварҳои узви Иттиҳод содир менамоем ва омода ҳастем, ки минбаъд содироти маҳсулоти кишоварзӣ, пахта, металлҳои ранга ва нодирро ба кишварҳои ИИАО зиёд кунем».

Аммо Расулзода иқтидори маҳдуди гузаргоҳҳои марзӣ миёни кишварҳоро монеа дар роҳи интиқоли маҳсулот ба кишварҳои ИИАО номид. Вай аз зарурати содда ва ҳамоҳангсозии расмиёт ва талаботҳои марбут ба ҳамлу нақли байналмилалии бор ва рушди рақамисозии амалиёти нақлиётию логистикӣ ҷонибдорӣ кард.

Сарвазири Тоҷикистон бахши кишоварзиро яке аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё арзёбӣ кард.

«Тоҷикистон барои парвариши маҳсулоти кишоварзии хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тоза, ки афзоиши солонаи он на камтар аз 8 фоизро ташкил медиҳад, имкони бузург дорад, ки ба густариши иқтидори содиротии кишвар мусоидат мекунад», – гуфт ӯ.

Аммо мушкили расмиёти сабти ном ва масъалаҳои ҳамлу нақл ва сертификатсияи дугона монеаи ҷиддӣ дар роҳи интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳод мебошад.

Ёдрас мекунем, ки дар Сочи рӯзи 8 июн ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ва сипас Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё баргузор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...