ФФТ: “Сегрт алҳол сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон боқӣ мемонад”

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Пас аз нокомии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми CAFA-2023 чанде аз мухлисон фаъолона даъват мекунанд, ки сармураббии даста Петр Сегрт ба истеъфо равад.

Бархе аз расонаҳо аллакай дар бораи номзадҳои имконпазир ба ҷойи ӯ хабар медиҳанд. Тибқи баъзе маълумот, ба ин вазифа, аз ҷумла номзадии сармурабии тими “Истиқлол” Игор Черевченко баррасӣ мешавад. Дар ин бора Metaratings.ru бо истинод ба манбаъҳои ғайрирасмии худ хабар медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Игор Черевченко роҳбарии дастаи “Истиқлол”-ро аз моҳи январи соли 2023 ба зимма гирифт.

“Ба гумони ғолиб, ӯ ҳам дар даста ва ҳам тими миллии кишвар кор хоҳад кард”, – менависад Metaratings.ru.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухисон номзадии собиқ сармураббии дастаи “Хуҷанд” ва “Истиқлол” Виталий Левченкоро пешниҳод мекунанд. Ба ҷуз онҳо, дар рӯйхати мураббиёни имкнпазири тими миллӣ мутахассисони маҳаллӣ Мубин Эргашев, Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, Аҳлиддин Турдиев зикр мешаванд.  

Пас аз паҳншавии овозаҳо дар бораи эҳтимоли аз кор озод кардани Петр Сегрт, Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳорот пахш кард:

“Хабар дар бораи сармурабии мунтахби Тоҷикистон таъин шудани Игор Черевченко овозае беш нест. Федератсия бо касе дар ин бора гуфтушунид надорад. Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Петр Сегрт мебошад”, – иброз дошт дар шарҳи ин масъала сухангӯи ФФТ Фаридун Солиев.

Пас аз бохт дар бозии охирини мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023», сармурабии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт ҳамаи масъулияти нокомиро ба дӯши худ гирифт.

“Қисми аввалро хуб гузаронида, дар қисми дуюм хастагӣ эҳсос кардем. Ман хато карда, дар танаффус бозингаронро иваз кардам. Мураббиён ҳам хато мекунанд. Ба фикри ман, ҳисоби бозӣ – 1:5 адолатнок нест. Дар қисми дуюм мо ба худамон монанд набудем, ҳарфи ҳар кори хостаашро анҷом дод. Масъулияти бохти имрӯзаро пурра ба дӯши худ мегирам”, – изҳор дошта буд ӯ.

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳамчунин аз мухлисон маъзарат хоста, ваъда дод, ки ҳамаи хатогиҳо дар мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки аввали соли 2024 баргузор мешавад, ислоҳ хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...