“Ба ҷойҳои серодам ва чорабинҳои оммавӣ наравед”. Ҳушдори Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба тоҷикон

Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Русия бо Украина  худдорӣ намоянд ва ба ҷойҳои серодам ва чорабинҳои оммавӣ нараванд.

Муроҷиатномаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар пайи вазъи амниятии ин икшвар чанде пеш дар саҳифаи расмии ин ниҳоди дипломатӣ дар “Фейсбук” нашр шуд.

“Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки бо дарназардошти таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат, аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Россия бо Украина  худдорӣ намоянд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ҳамчунин, сафорат аз шаҳрвандони Тоҷикистонхоҳиш кардааст, ки “ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва чорабиниҳои оммавӣ,  хусусан бо истифода аз нақлиёти шахсии худ, нараванд”. 

Ин ниҳоди дипломатӣ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия иқомат доранд, “барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд”.

Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта, 23-юми июн Евгений Пригожин, роҳбари ширкати ҳарбии хусусии “Вагнер” дар як навор гуфт, ки нерӯҳои Вазорати дифои Русия ба пойгоҳҳои ин гурӯҳ зарба задаанд, аз ин рӯ, ӯ бо нерӯҳои мусаллаҳаш, ки даъво дорад 25 ҳазор нафар аст, ба шаҳри Ростови лаби Дон, ба ситоди Округи ҳарбии ҷанубӣ ворид шудааст ва биноҳои асосии ҳарбӣ ва давлатиро ишғол кардааст.

Мақомоти давлатии Русия, аз ҷумла, Хадамоти федералии бехатарӣ, Додситонии кулл ва Вазорати мудофиа ин амал ва изҳороти Евгений Пригожинро “даъват ба исёни мусаллаҳона” тавсиф карда, хабар доданд, ки алайҳи ӯ бо моддаи 279 Кодекси ҷиноятии Русия парванда боз кардаанд. Бар асоси ин модда ба Пригожин аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар робита ба ин, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар муроҷиатномиа телевизионии худ бе ном бурдан аз шахси мушаххас, махсусан Пригожин ҳодисаи рухдодаро хиёнат ва хоинӣ ба кишвару халқ номид ва гуфт, Русия худро аз хиёнати дохилӣ ҳифз хоҳад кард.

Ӯ гуфт, бар муқобили мо (Русия дар назар аст, муаллиф) тамоми мошинаи ҳарбӣ, иқтисодӣ ва иттилоотии Ғарб нигаронида шудааст.

"Ман ҳамчун як шаҳрванди Русия барои дифоъ аз кишвар ҳама корро мекунам, чораҳои қатъӣ, аз ҷумла дар бораи вазъ дар Ростов андешида мешаванд",- гуфт Путин.

Президенти Русия даъват кард, ки мардум дар шӯриши мусаллаҳона ширкат накунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...