“Муаллимро ба дарёи Фон партофтааст”. Додситонии кулл одамрабоии подполковники ВКД-ро шарҳ дод

Asia-Plus

Додситонии кулли кишвар қазияи аз ҷониби подполковники Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД рабуда шудани устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро шарҳ дода, навиштааст, ки ин корманди милиса боздошт шудааст.

Ин ниҳод навишааст, ки 15-уми июни соли 2023 сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам бо шаҳрванд Шукуров Исмоилҷон Маъмурович барои одамрабоӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.

“Юсуфзода А.Ҳ. шаби 12 июни соли 2023 соати 2320 дақиқа аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Шукуров И.М. устоди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, наздикии қурутобхонаи “Муслим” бо истифодаи зӯроварӣ ба автомашинаи хизматияш, ки тамғаи “Хундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030UD01 мебошад, савор карданд", – навишт Додситонии кулл.

Баъдан, ба навиштаи ин ниҳод, "онҳо  дастони Раҳмонов И.Қ-ро баста, ба самти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд роҳсипор гардида, дар километри 118 шоҳроҳи мазкур, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ автомашинаро боз дошта, маҷбуран Раҳмонов И.Қ.-ро фароварда, бо мақсади ба қатл расонидан ба дарёи Фон партофта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”.

Додситонии кул менависад, ки 15-уми июни соли 2023 нисбати Юсуфзода А.Ҳ. ва Шукуров И.М. бо моддаи 130 қисми 2 бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои “одамрабоӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо истифодаи зӯроварии барои саломатӣ ва ҳаёт хавфнок парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”.

Ин ниҳод менависад, ки муаллими донишгоҳ Раҳмонов И.Қ. то ҳол дарёфт нашуда, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳо барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ӯ сафарбар гардидаанд.

Ҳамчунин, Додситонии кулл аз истиқоматкунандагони маҳалҳои аҳолинишини поёноби дарёҳои Фон ва Зарафшон хоҳиш кардааст, ки дар мавриди пайдо гардидани маълумот оид ба дарёфти Раҳмонов И.Қ. фавран ба мақомоти ин ниҳод ё милитсия  хабар диҳанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки бори нахуст оид ба эҳтимоли рабуда шудани муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ хабар дода буд. Ин расона, он замон бо такя ба наздикони хонаводаи муаллим навишт, ки “ҳамсари Акмал Юсуфзода ва Исмоил Раҳмонов дар Донишгоҳи тиҷорат кор мекардаанд. Шоҳидон мегӯянд, чӣ моҷарое миёни ду ҳамкор сар зада, полковник шабона ӯро барои суҳбат даъват карда будааст”.

ВКД ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил то ҳол дар робита ба ин масъала шарҳи расмӣ надодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...