“Гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ рабуд”. ВКД ҷузъиёти рабуда шудани муовини раиси “Ориёнбонк”-ро шарҳ дод

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ҷузъиёти рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк”-ро шарҳ дод ва ба нафаре, ки дар ошкор кардани ҷиноят мусоидат мекунад ё хабар медиҳад 30 ҳазор доллар мукофотпулӣ ваъда кард.

Дар иттилоияи ВКД гуфта мешавад, ки 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, ҷойи кораш – муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир карда шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи “Хюндай-Соната”, рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ – Майдони сарҳадчиён – маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, аз назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишотӣ пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустӯҷуӣ идома дорад.

Ҳамчунин, ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда кардааст.

“Таъмини амнияти мусоидаткунандагон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат дода шуда, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ” ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда мешавад”, – зикр мегардад дар иттилоия.

ВКД бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории махфӣ бо шаҳрвандон утоқи алоҳидаи махсуси махфии боварӣ бо рақами телефони мобилии +992 93-922-24-46 ташкил шудааст ва он бо барномаҳои интернетии WhatsApp, Viber, Imo, Telegram пайваст аст.

Ҳамчунин, суроғаи электронии [email protected] созмон дода шудааст.

“Шаҳрвандон метавонанд бо боварӣ ҳамкории худро бо ҳамин утоқи махсуси электронӣ ба роҳ монанд”, – навиштааст ВКД.

Барои ироаи ҳама гуна маълумоти мусоидаткунанда рақами телефони боварии вазири корҳои дохилӣ генерал-полковник Рамазон Раҳимзода +992-888-55-11-11 низ гузошта шудааст, ки он низ ба барномаҳои месенҷерии WhatsApp, Viber, Imo, Telegram пайваст мебошад.

ВКД бо нашри иттилоияи алоҳида, хабар додааст, ки нафароне, ки ба ҷинояти одамрабоӣ нисбати шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат даст задаанд, агар ихтиёран шахси гаравгонро озод намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, ба гуноҳи худ иқрор шаванд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо меъёри сабукидиҳанда татбиқ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар хусуси рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев дирӯз, 25-уми июн, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ дод.

Ин расона навишт, ки “дар як санаде, ки қаблан дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, гуфта мешуд, ки зоҳиран ин гурӯҳ аз чанд рӯз пеш тарҳи рабудани бонкдори тоҷикро доштаанд. Аз ҷумла мошине, ки бо он Исматуллоевро рабудаанд, рӯзи 10-уми июн аз соати 15 то 18 дар атрофи хонаи ӯ мушоҳида шудааст”.

Юояд гуфт, ки Шуҳрат Исматуллоев 49 сол дошта, бародари Дилшод Исматуллозода, раиси собиқи ширкати “Тоҷик эйр” мебошад.

Ӯ солҳои дароз дар “Ориёнбонк” ба ҳайси муовин фаъолият дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...