“Ба тамошои футбол омадаму дар Дубай кор пайдо кардам”. Чӣ гуна як ҷавони тоҷик дар АМА муваффақ шуд?

Date:

Комрон Амиров, ҷавони 23 солаи тоҷик аст, ки аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ба тамошои Ҷоми ҷаҳон-2022 оид ба футбол ба давлати Қатар рафтаву баъдан роҳи муваффақият дар бахши сайёҳиро пайдо кардааст. Ӯ аввал дар давлати Қатар кор пайдо мекунад, баъдан, бо истифода аз забондонии худ бо яке аз беҳтарин меҳмонхонаҳои шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи Араб шартномаи ҳамкорӣ имзо менамояд.

Ҳоло, ки ӯ дар меҳмонхонаи “NH Collection Dubai The Palm” кор мекунад, орзу дорад, ки бо такмили донишу маҳорати худ, ба Ватан баргардад ва дар рушди бахши сайёҳии Тоҷикистон саҳми худро гузорад.

10 километр то назди муаллими забони англисӣ

Комрон вақти таҳсил дар мактаби миёна аслан забони немисӣ хондааст, аммо чун шавқи зиёд ба омӯзиши забони англисӣ дошт, аз деҳаи дигар муаллими забони англисӣ пайдо кардаву дар назди ӯ ба омӯзиш пардохтааст.

“Дар деҳае, ки зиндагӣ мекардам, муаллими англисӣ набуд. Аз ин лиҳоз, дар деҳаи дигар муаллими забони англисӣ ёфтам ва ҳар рӯз ба он деҳа мерафтам. Баъзан мошин намеёфтам ва маҷбур мешудам, ки 10 км роҳро пиёда тай карда, барои омӯзиши забони англисӣ равам”, – ба ёд меорад Комрон.

Ӯ мегӯяд, роҳи интихобкардаашро волидонаш дуруст меҳисобиданд ва ҳамеша дастгирӣ мекарданд.

“Пас аз он ки забони англисиро омӯхтам, барои такмил додани он, дар вақтҳои холигӣ, ба онҳое, ки мехостанд ин забонро омӯзанд, дарс медодам”, – мегӯяд Комрон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз хатми мактаб Комрон ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил шудаву дар вақтҳои холигиаш кор ҳам мекард.

“Мехостам бо хориҷиён бештар суҳбат кунам, барои ҳамин ба меҳмонхонаи Серена ва Сафо дар Душанбе ба кор рафтам. Муддате кор кардам ва дониши забони русиву англисиамро такмил додам. Ҳамчунин, хати форсиро низ балад ҳастам”, – иброз медорад Комрон.

Футбол – Қатар – Дубай

Комрон ҳамчунин, мухлиси футбол аст. Ӯ мегӯяд, вақте Ҷоми ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар давлати Қатар баргузор шуд, барои тамошои футбол ба ин кишвар сафар намуд.

Дар ин кишвари арабӣ ӯ дар баробари тамошои футбол, ба бахши сайёҳӣ низ таваҷҷуҳ мекунад ва ба хулосае меояд, ки аз имконият истифода карда, дар ягон меҳмонхона кори хуб пайдо кунад. Дар ин роҳ ба ӯ забондониаш кумак мекунад ва Комрон дар яке аз меҳмонхонаҳои Қатар кор пайдо мекунад.

Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест

Пас аз як муддат фаъолият дар Қатар, Комрон дар шаҳри Дубай кор меёбад.

“Дар Дубай тариқи онлайн кор пайдо кардам. Вақте ба меҳмонхонаи “NH Collection Dubai The Palm” ба кор омадам, шароити кор бароям писанд омад ва то ҳол дар ин ҷо кор мекунам. Маоши хуб мегирам, бо ҷойи зисту хӯрок таъмин шудаам”, – зикр мекунад Комрон.

Қаҳрамони мо мегӯяд, Дубай шаҳри зебост, шароити хуб дорад, аммо гарон аст. Агар кор ва маоши хуб набошад, зиндагӣ мушкил аст.

Ӯ ба онҳое, ки нияти сафар ва кор дар ин шаҳрро доранд, тавсия медиҳад, ки аввал забонҳои хориҷиро хуб омӯзанду ҷойи кори нағз пайдо кунанд, баъд тасмими сафар гиранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Ман, ки кору маоши хуб дорам, танҳо аз хӯроку ҳаво дар ин шарҳ шикоят дорам. Ин ҷо гарм аст ва хӯрокҳо маззаи хӯрокҳои тоҷикиро надоранд”, – бо ханда иброз медорад Комрон.

Ӯ мегӯяд, вақте тоҷикеро мебинад, мисле, ки нафари наздикашро дида бошад, хурсанд мешавад.

“Як ҳафта пеш бо тоҷике вохӯрдам, ки дар меҳмонхонаи мо 14 рӯз истодаву акнун рафтанӣ будааст. Ҳамроҳ нишаста ёди ватан кардам ва хеле шод шудем”, – мегӯяд ин ҷавони тоҷик.

Комрон мегӯяд, пас аз андӯхтани таҷриба мехоҳад, ба Ватан баргашта, дар рушди бахши сайёҳӣ саҳми худро гузорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Агар мо маданияти воло ва меҳмоннавозии хуб дошта бошем, сайёҳон зиёд мешаванд. Чун вақте як сайёҳ аз муносибати ман хушаш меояд, дафъаи дигар ӯ танҳо не, бо чанд рафиқ ё оилааш меояд. Рушди сайёҳӣ аз ҳамин оғоз мешавад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...