Вобаста ба рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев ҳадди ақалл 4 афсари пешин боздошт шудаанд

Asia-Plus

Дар робита ба рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ҳадди ақалл 4 нафар дастгир шудаанд. Боздоштшудаҳо афсарони пешини мақомоти қудратӣ будаанд, ки бо ҷинояткорони собиқадор барои одамрабоӣ ҳамкорӣ кардаанд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонун дар Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ин расона бо такя ба сарчашмаи наздик ба тафтишот менависад, ки “яке аз боздоштшудагон афсари собиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва Оҷонси мубориза бо фасод аст. Ва як манбаи наздик ба хонаводаи Шуҳрат Исматуллоев мегӯяд, бо гумони ширкат дар ин ҷиноят як додситони собиқ низ боздошт шудааст”.

Аз боздоштшудагон ба хотири халал ворид накардан ба тафтишот, ном бурда намешавад.

Як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфтааст, рабояндагон аз рақамҳои давлатие истифода кардаанд, ки хоси ниҳодҳои қудратиянд ва метавонанд ба талаби пулиси роҳ итоат накунанд, бо суръати аз меъёр зиёд ҳаракат намоянд.

“Исматуллоевро 4 нафар ба мошин савор карда бурданд, аммо чанд нафари дигар ҳам дар ин кор даст доранд. Барои он ки монеа пеш наояд, ҷинояткорон барои мошини “Ҳундай Соната” пешакӣ 11 рақами давлатӣ омода кардаанд. Онҳо рақамҳоеро омода кардаанд, ки мошинҳои сохторҳои қудратӣ аз онҳо истифода мебаранд ва ин гуна мошинҳоро кормандони БДА манъ намекунанд. Дар баромадгоҳи Душанбе ба тарафи вилояти Суғд як посгоҳи доимии БДА амал мекунад. Ба хотири он ки мошини ҷинояткорон рақами монанд ба нақлиётҳои сохторҳои қудратиро дошт, кормандони БДА онҳоро нигоҳ надошта ва тафтиш накардаанд”, – навиштааст Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеи худ.

Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” шоми 23-юми июни соли 2023 дар Душанбе рабуда ва ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ба самти ноҳияи Айнӣ бурда шудааст. Сарнавишти ӯ то ҳол маълум нест.

Ду манбаи аз ҳам ҷудо дар Додситонии кулл ва Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, гуруҳе, ки Шуҳрат Исматуллоевро рабуд, аз қабл омодагии ҷиддӣ дида, тақрибан аз нимаи моҳи июн ба ин сӯ ҳар қадами Шуҳрат Исматуллоевро зери назар доштааст.

Дар Молдова кӣ тирпаронӣ кард ва ӯ бо рабудани Шуҳрат Исматуллоев чӣ рабт дорад?

Дар ҳоле, ки аз сарнавишти Шӯҳрат Исматуллоев то ба ҳол ҳеҷ иттилое дастрас нест, мақомоти Тоҷикистон 30-юми июн Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёви давлати Молдова ду корманди ниҳодҳои қудратии ин кишварро бо истифода аз силоҳи худи онҳо кушт, яке аз дастандаркорони рабудани Шуҳрат Исматуллоев гуфт.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор дошт, ки шаҳрванди дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёв (Молдова) тирпароникарда ба бедарак шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев даст дорад.

Вазорати коҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) барои ҳамкории мутақобила бо ҳамтоҳояшон аз Молдова ҷиҳати ошкор намудани ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи рухдода ба шаҳри Кишинёв фиристода шуданд.

Бино ба иттилои бахши молдовии Радиои Озодӣ Рустам Ашӯрови 43-сола ҳангоми даргирӣ дар фурудгоҳи Кишинёв сахт захмӣ шуда, то субҳи 3 июл дар ҳоли беҳушист ва “пизишкон ба зинда монданаш чандон бовар надоранд”.

Рустам Ашӯров кист?

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ навишт, ки Рустам Ашӯров соли 2012 барои ҳамла ва ғорати 100 ҳазор доллари саррофон ба 13 соли зиндон маҳкум шуда, баъдтар давраи ҳабси ӯ то 9,5 сол кам карда шуд. Як сарчашмаи наздик ба Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтааст, Ашӯров тақрибан ду сол пеш аз маҳбас баромадааст.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23-юми июни соли 2023 дар Душанбе рабуда шуд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ӯро тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба мошин савор карда, ба самти ноҳияи Варзоб бурданд.

Дар ҳамин ҳол, наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар дарёи Зарафшон изи ин ҷиноят – мошини муовини раиси “Ориёнбонк” саворшударо мекобанд. Аммо то ҳол на мошин ва на худи Шуҳрат Исматуллоев пайдо нашудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...