Прокуратураи генералӣ: Тоҷикистонии дар фурудгоҳи Кишинёв тиркушода – гумонбар ба рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” аст

Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки шаҳрванди дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёв (Молдова) тирпароникарда ба бедарак шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев даст дорад. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Ашӯров, ки пас аз тирпаронӣ боздошт шуд, яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мебошад. “Баъди содир намудани ҷинояти мазкур тавассути Туркия бо мақсади […]

Asia-Plus

Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки шаҳрванди дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёв (Молдова) тирпароникарда ба бедарак шудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев даст дорад.

Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Ашӯров, ки пас аз тирпаронӣ боздошт шуд, яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мебошад.

“Баъди содир намудани ҷинояти мазкур тавассути Туркия бо мақсади ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фирор намудан ба Молдова парвоз намуда, ҳангоми убури сарҳади Молдова ва ҳаракати дастгир намудани ӯ, номбурда таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва  якчанд нафари дигарро гаравгон гирифтааст”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ Рустам Ашӯров ярадор ва дастгир шудааст.

Прокуратура хабар додааст, ки Рустам Ашӯров сокини 43-солаи шаҳри Душанбе мебошад. Аз дигар ҷузъиёти ҳодиса хабар дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки Focus.ua бо истинод ба шабакаи Telegram-и Ungureanu 112 хабар медиҳад, марди 43-сола, ки дар фурудгоҳи Кишинёв рӯзи 30 июн тирпаронӣ кард, аз ҷониби Интерпол барои куштори “шахси бонуфуз” мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Гуфта мешавад, Рустам Ашӯрови 43-сола шаҳрвандии ду кишвар – Тоҷикистон ва Русияро дорад.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки ҳангоми рух додани ҳодиса ду марди дигар ӯро ҳамроҳӣ доштаанд, ки ҳозир ҷустуҷӯ мешаванд. Мақомоти маҳаллии пулис ба ҳолати омодабоши ҷангӣ оварда шудаанд.

Шабака сурати эҳтимолии Ашӯровро нашр кардааст.

Рӯзи 30 июн дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кишинёв як мард ҳангоми гузаштан аз санҷиш дар сарҳад тирпаронӣ кард.

Сарвазири Молдова Дорин Речан дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст, ки шахси тирпаронида шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон мебошад. Аз лиҳози амниятӣ вуруди ӯро ба Молдова рад кардаанд.

Ҳангоми раҳнамоӣ кардан ба “минтақаи озод”, ки аз он ҷо мард бояд хатсайри бозгаштро интизор мешуд, ӯ таппончаи хидматии намояндаи пулиси сарҳадро гирифта, якчанд бор тир мекушояд.

Ӯ ба сӯи сарҳадбон ва корманди фурудгоҳ, ки мехост силоҳро аз дасти мард гирад, тир мепаронад.

Ҳам сарҳадбон ва ҳам корманди фурудгоҳ ҳалок шуданд.

Ба аъзои воҳиди таъиноти махсуси “Молния”, ки ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд, муяясар мешавад, ки ӯро безарар гардонанд. Ӯ захмӣ мешавад.

Корманди сафорати Тоҷикистон дар Киев, ки кишвари моро дар Молдова низ намояндагӣ мекунад, ба ТАСС хабар додааст, ки намояндагии дипломатӣ аз ҳодисаи тирпаронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв огаҳ буда, пайи дақиқ кардани маълумот дар бораи ҳамлагар аст.

“Моро аз ҳодисаи фоҷеабор дар фурудгоҳи Кишинёв огаҳ карданд. Айни замон мо маълумот дар бораи шаҳрванди боздоштшударо дақиқ мекунем.Ҷузъиёти бештарро баъдан пешниод хоҳем кард”, – гуфт намояндаи сафорат.

Мақомоти прокуратураи Молдова дар бораи содир шудани амали террористӣ парванда боз кардааст.

Президенти Молдова Майя Санду ба оила ва пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори тасаллият намуда, зикр кардааст, ки хадамоти махсус дар саросари кишвар ба ҳолати омодабоши баланд оварда шудаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералӣ Ион Мунтяну изҳор доштааст, ки ба ин марди ярадор ва боздоштшуда барои куштани ду нафар ҳукуми ҳабси абад таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио