Ҳаҷҷи бидуни иҷоза. Арабистони Саудӣ беш аз 17 ҳазор нафарро ҳабс кардааст

Мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ зиёда аз 17 ҳазор нафарро барои кӯшиши адо намудани маросими ҳамасолаи ҳаҷ бидуни иҷоза ба ҳабс гирифтанд, хабар медиҳад Arab News. Раиси Кумитаи амният генерал-лейтенант Муҳаммад Ал-Бассомӣ изҳор доштааст, ки ба сурати умум, 17 ҳазору 615 нафар боздошт шудаанд. "Аз ҷумла 9 ҳазору 509 нафар вайронкунандагони қоидаҳои будубош, кор ва амнияти […]

Наим Халимов

Мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ зиёда аз 17 ҳазор нафарро барои кӯшиши адо намудани маросими ҳамасолаи ҳаҷ бидуни иҷоза ба ҳабс гирифтанд, хабар медиҳад Arab News.

Раиси Кумитаи амният генерал-лейтенант Муҳаммад Ал-Бассомӣ изҳор доштааст, ки ба сурати умум, 17 ҳазору 615 нафар боздошт шудаанд.

"Аз ҷумла 9 ҳазору 509 нафар вайронкунандагони қоидаҳои будубош, кор ва амнияти марзӣ, инчунин созмондиҳандагони 105 сафари қалбакӣ ба ҳаҷ дар манотиқи мухталифи шоҳигарӣ. Ҳамаи онҳо ба ихтиёри додситонӣ дода шуданд", – гуфтааст раиси Кумита.

Ӯ илова намудааст, ки 202 ҳазору 695 нафаре, ки иҷозаи ҳаҷ надоштанд, аз нуқтаҳои вуруд ба Макка ва тақрибан 129 ҳазор мошине, ки иҷозаи вуруд ба Макка ва маконҳои муқаддас надоштанд, бозпас баргардонида шудаанд.

Муҳаммад Ал-Бассомӣ гуфтааст, "33 нафаре, ки ҳоҷиёнро бидуни иҷозаи сафар ба ҳаҷ овардаанд, боздошт ва ба кумитаҳои маъмурӣ супурда шуданд ва муҷозот хоҳанд шуд".

Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта дар Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ маросими адои ҳаҷҷи фарзӣ баргузор шуд. Дар он беш аз ду миллион нафар иштирок карданд. Имсол бори аввал аз замони сар задани пандемияи коронавирус мақомоти Арабистони Саудӣ ба мисли шумори соли 2020 ба адои маросими ҳаҷ иҷоза доданд.

Ёдрас мекунем, ки имсол Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши ҳаҷ дар соли равон барои тоҷикистониён 59 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 1 ҳазору 520 сомонӣ арзонтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Ба корҳои ташкили сафари ҳаҷ ба таври истисно танҳо Кумитаи дини Тоҷикистон машғул аст.

Дар инфографикаи мо метавон дид, ки чӣ шумор шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи 5 соли ахир ба адои маросими ҳаҷ рафтаанд ва барои ин чӣ қадар маблағ сарф кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.