Дар Суғд ҳаракати воситаҳои нақлиёт барои 4 рӯз маҳдуд мегардад

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Дар робита ба сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз 5-ум то 8-уми июл ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои ин минтақа маҳдуд карда мешавад.

Дар ин бора Шӯъбаи БДА дар вилояти Суғд бо ирсоли мактуб ба расонаҳои  маҳаллӣ  иттилоъ додааст.

Шӯъбаи БДА дар вилояти Суғд нақшаи маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми ташрифи меҳмононро эълон карда, таъкид намудааст, ки он дар вақтҳои алоҳида ҷорӣ карда мешавад.

Ҳамин тавр:

5-уми  июли соли 2023 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Айнӣ – Панҷакент, кӯчаҳои марказии ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, шаҳраки Суғдиён то деҳаи Филмандари шаҳри Панҷакент маҳдуд карда мешавад.

6-уми июли соли 2023 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи  автомобилгарди Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ – Рифъат Ҳоҷиев – 25-солаги Истиқлолият – Султон Умаров – Сирдарё то тавалудхонаи шаҳри Хуҷанд, давраи Ором, ҷамоати Дадобой Холматов то шаҳри Гулистон маҳдуд мегардад.

07-уми июли соли 2023 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии ноҳияи Масчоҳ, ҷамоатҳои Навбунёд, Полдорак, Оббурдон то деҳаи  Масчоҳи ноҳияи Масчоҳ маҳдуд мешавад.

08-уми июли соли 2023 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон – роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои Гагарин – Бобоҷон Ғафуров то маҳаллаи Нави шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ – Солеҳ Раҷабов ва Раҳмон Набиеви шаҳри Хучанд маҳдуд карда мешавад.

Дар робиба ба ин, Шӯъбаи БДА дар вилояти Суғд аз сокинон ва шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Бояд гуфт, ки пагоҳ, 5-уми июл, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон сафари кории худро ба вилояти Суғд аз минтақаи Зарафшон оғоз мекунад ва дар назар аст, ки баъдан ба дигар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ташриф орад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...