Соли 2022 ба Тоҷикистон ҳаҷми рекордии пул интиқол дода шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон, вуруди софи интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2022 ҳамчун омили асосии рушди иқтисодӣ боқӣ монда, ба ҳадди олии таърихии 49% расид.

Тибқи иттилои расмӣ, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ дар соли 2022 қариб ба 116 млрд сомонӣ (10,5 млрд доллар) расидааст.

Мутаносибан, интиқоли маблағ аз 5,2 млрд доллар гузаштааст, ки ин барои ҷумҳурӣ нишондиҳандаи рекордӣ мебошад. Қабл аз ин, воридоти аз ҳама бештари интиқоли пул дар соли 2014 – ҳудуди 4,2 млрд доллар сабт шуда буд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, ки интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон як манбаи муҳими коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон аст.

“Дар хонаводаҳо изҳор мекунанд, ки зиёда аз 80%-и пули интиқолёфта барои харидани маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳудуди 10%-аш барои қонеъ намудани дигар талаботи асосӣ, аз қабили тандурустӣ, манзил ва таълим ва боқимонда барои пасандоз, пардохти қарз ва дигар мақсадҳо истифода мешаванд”, – омадааст дар гузориш.

Ба ақидаи таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ, ин гувоҳи он аст, ки агар маблағҳои интиқолӣ намебуданд, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон хеле баландтар мешуд.

“Назарпурсиҳои Агентии омори Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки аз 22 то 30% аз даромади умумии хонаводаҳо ба интиқоли маблағҳо рост меояд, ки 90%-аш аз Русия ворид мешавад”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар вобаста ба интиқоди маблағҳо дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Таъкид мешавад, ки ҳудуди 1 млн нафар муҳоҷирон дар Русия, асосан дар соҳаи сохтмон ва савдои чакана кор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағ сохторҳои расмии Тоҷикистон ба намояндагони ВАО маълумот намедиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...