“Дар маросими ҳаҷ мушкиле пеш наомад”. Пагоҳ аввалин гурӯҳи ҳоҷиён ба Тоҷикистон бармегарданд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бо зоирони тоҷике, ки барои баргузории ҳаҷҷи фарзӣ расман ба Арабистони Саудӣ сафар карда буданд, дар мавсими ҳаҷҷи имсола мушкиле пеш наомадааст ва гурӯҳи аввалини ҳоҷиҳо пагоҳ, 6-уми июл, ба Ватан бармегарданд.

Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар мавсими имсолаи ҳаҷҷи фарзӣ расман аз Тоҷикистон беш аз 4 ҳазору 500 нафар зоирон ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд ва бо ҳеҷ кадоми онҳо дар адо кардани маросими ҳаҷ мушкиле пеш наомадааст.

“Бо зоироне, ки расман ба сафари ҳаҷ омада буданд, мушкиле пеш наомадааст ва ҳамаашон маросими ҳаҷро пурра адо мекунанд. Аммо тоҷиконеро медидем, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳаҷ омадаанд. Ё умра омада, дигар барнагаштаанд. Акнун маълум нест, мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ он тоҷиконеро, ки барои адо кардани маросими ҳаҷҷи фарзӣ ғайриқонунӣ вориди Маккаву Мадина шудаанд, боздошт кардаанд ё на”, – шарҳ дод сухангӯи Кумитаи дин.

Ӯ гуфт, аввалин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик субҳи пагоҳ, 6-уми июл, ба Ватан бармегарданд. Охирин гуруҳи ҳоҷиён 18-уми июл бармегарданд.

Афшини Муқим тақдири зоиронеро, ки барои адо кардани маросими ҳаҷ ҳуҷҷат супорида, вале ахиран даъво карда буданд, ки “номамон дар рӯйхати тартибдодаи Кумата нест”, рӯшан кард.

Ба гуфтаи ӯ, “зоирони тоҷикро ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва арабӣ ба сафари ҳаҷ мебурданд ва бо сабаби мушкили ширкати ҳавопаймоии арабӣ парвози 286 нафар зоирони тоҷик ба таъхир монд”.

“Баъдан ширкати ҳавопаймоии арабӣ ҳама зоирони тоҷикро аз Душанбе ба Ҷидда овард ва ҳамаи онҳо ҳам маросими ҳаҷро адо карданд”, – таъкид кард Афшини Муқим.

Бояд гуфт, ахиран мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ барои кӯшиши адо намудани маросими имсолаи ҳаҷ бидуни иҷоза зиёда аз 17 ҳазор нафарро ба ҳабс гирифтанд.

Аз ҷумла, 9 ҳазору 509 нафар вайронкунандагони қоидаҳои будубош, кор ва амнияти марзӣ, инчунин созмондиҳандагони 105 сафари қалбакӣ ба ҳаҷ дар манотиқи мухталифи шоҳигариро боздошт карданд. Ҳамаи онҳо ба ихтиёри додситонии ин кишвар дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол Арабистони Саудӣ барои ҳаҷҷи фарзӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо карда буд. Нархи сафари ҳаҷ имсол 59 ҳазор сомонӣ (беш аз 5 ҳазор доллар) буд, ки нисбат ба соли 2022-юм 1520 сомонӣ арзонтар аст.

Маблағи мазкур ҳамаи хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла, чиптаи рафту баргашт, меҳмонхона дар Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт ва ғайраро дар бар мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...