Намояндагони СММ аз таъқиби ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд

Asia-Plus

Коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти кишвар хостаанд, то тааҳҳудоти байналмилалии худ дар мавриди риояти ҳуқуқи башарро иҷро кунанд.

"Мо ба ҳукумат хотиррасон мекунем, ки ҷиноят донистани фаъолияти қонунии ҳомиёни ҳуқуқи башар бо уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи башар созгор нест", – омадааст дар изҳороти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки рӯзи 4-уми июл нашр шудааст.

Онҳо бар ин назаранд, ки монанд кардани ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ифротгароён ва террористон “амали хеле хатарнок” аст.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки дар 3 моҳи ахири соли 2022-юм 8 рӯзноманигор, блогер ва ҳомиёни ҳуқуқ ба мӯҳлатҳои аз 7 то 29 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар гузориш аз Далер Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидамиминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Иргашов Фаромарзов ва Гул Хушом ном бурда мешавад.

“Мо аз истифодаи ошкори қонунгузории зиддитеррор барои хомӯш кардани мунаққидон изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунем”, – таъкид мекунанд СММ.

СММ боздошти афроди дар боло зикршударо ба инъикосашон аз масоили иҷтимоӣ ва нақзи ҳуқуқи башар рабт медиҳанд.

“Муҳокимаи одилона ва ошкоро аз ҷониби судҳои босалоҳият, мустақил ва беғараз як кафолати муҳим барои ҳама тибқи қонуни байналмилалии ҳуқуқи башар мебошад. Аммо маълумоти бадастомада нишон медиҳад, ки меъёрҳои мурофиаи одилона дағалона вайрон карда шудаанд”, – мегӯянд коршиносони СММ.

Дар муроҷиат ба маҳдуд кардани дастрасии маҳкумшудагон ба адвокатҳо, гурӯҳбандии парвандаҳои ҷиноятӣ, мурофиаҳои пӯшида ва дигар қонуншиканиҳои мурофиавӣ интиқод мешавад.

Масъулони СММ аз гузоришҳо дар бораи нопадид шудани Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Гул Хушом, дар ҳоле, ки Далер Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Улфатоним Мамадшоева мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа қарор гирифтаанд, аз ҷумла барои гирифтани эътирофи бардурӯғ, нигаронӣ мешавад.

Онҳо тақозо мекунанд, ки ин иттиҳомот фаврӣ, беғаразона ва муассир тафтиш карда шавад ва масъулон ҷавоб диҳанд.

Ҳамчунин, дар ин муроҷиат аз шароити боздошти афроди дар боло зикршуда ва вазъи саломатии онҳо изҳори нигаронӣ мешавад.

“Вақти он расидааст, ки Тоҷикистон омодагии худро барои фароҳам овардани фазои мусоид ва амн барои ҳамаи ҳомиёни ҳуқуқи башар мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ нишон диҳад”, – таъкид мекунад дар поёни муроҷиатнома.

Ёдовар мешавем, ки аз боздошт ва ҳабси Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ як сол мегузарад ва хонаводаи онҳо аз ҳукмҳои сангини онҳо норизоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...