“29 сол пеш таҷовуз ва кушта шуд”. Мақомоти Тоҷикистону Русия ҷузъиёти нопадид шудани Катяи 8-соларо ошкор карданд

Asia-Plus

Катя Дмитриеваи 8-сола тақрибан се даҳсола пеш дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) нопадид шуда, рӯзи гузашта боқимондаҳои ҷасади ӯро пайдо карданд. Дар ин бора ахбори “Пайки Суғд”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Гуфта мешавад, ки милитсияи вилояти Суғд ҳамроҳ бо кормандони Вазорати умури дохилии Русия куштори духтарро ошкор кардааст.

“Пас аз 29 сол ҷасади духтарро дар шаҳри Истиқлол дар таҳхонаи манзили воқеъ дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 19 (қаблан ин кӯча Гагарин ном дошт) пайдо карданд. Маълум шуд, ки гумонбар духтарро аввал таҷовуз карда, сипас куштааст”, – мегӯяд манбаъ.

Гунаҳкор ба гуноҳаш иқрор шуд, вале баъдан мурд

Ҷинояткор Шавкат Шаяхмедови 62-сола, сокини ноҳияи Залегошенски вилояти Орёли Русия будааст, ки ҳоло даргузаштааст.

“Охири моҳи декабри соли 2022 ӯ дар вилояти Орёл, ки дар он ҷо зиндагӣ мекард, бо гумони содир кардани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла таҷовуз ба номус ва куштор боздошт шуд. Пас аз тафтишоти ҳамаҷониба маълум шуд, ки Шаяхмедов чаҳор ҷинояти таҷовуз ба номус ва куштор анҷом додааст, аз ҷумла таҷовузи Катя Дмитриеваро”, – хабар додааст “Пайки Суғд”.

Қатли фоҷиабори Катя соли 1994 рух додааст: он вақт Шаяхмедов дар шаҳри Табошари вилояти Ленинобод (ҳоло шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд)-и Тоҷикистон зиндагӣ мекардааст.

“Пас аз таҷовуз ба номуси духтар дар хонаи худ, ҷасадро дар халта пинҳон карда, баъд аз он онро дар таҳхонаи хонаи хушдоманаш дар кӯчаи Гагарин ба хок супурдааст”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Бо вуҷуди далелҳо ва эътирофи гуноҳ, Шавкат Шаяхмедов натавонист дар додгоҳ барои ҷиноятҳои даҳшатовараш ҷавоб диҳад, зеро ҳамагӣ баъди ду моҳи боздошт, дар моҳи майи соли 2023, дар зиндони Мордовия даргузашт.

Марги ӯ ҳангоми интиқол ба муассисаи ислоҳӣ рух дод, ки ӯ бояд ҳабси якумраро дар он ҷо адо мекард.

Чӣ гуна Катя нопадид шуд?

Нопадид шудани Катя Дмитриеваи 8-сола рӯзи 21-уми майи соли 1994 рух дод. Оилаи Дмитриевҳо нақша доштанд, ки ба Русия кӯчанд, волидон интизор буданд, ки соли аввали таҳсил ба итмом расад: Катя он вақт синфи якумро тамом мекард.

Катя нисфирӯзӣ дар саҳни хонааш дар кӯчаи Строителей ғайб зад. Кофтукови падару модари ӯ – Сергей Матвеевич ва Надежда Яковлевна натиҷа надод.

Сарнавишти духтараки ҳаштсола беш аз се даҳсола сирре боқӣ монд. Волидайни Катя дар тӯли ин солҳо, аз ҷумла тавассути барномаи "Туро интизорем" бо кумаки шиносҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда, духтари худро ҷустуҷӯ мекарданд.

Хонаводаи Дмитриевҳо, ки муддати тӯлонӣ дар Русия ба сар мебаранд, соли 2021 боз ба ниҳодҳои қудратии Русия ва Тоҷикистон: ба Кумитаи тафтишоти Русия, Раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон ва Раёсати тафтишотии ВКД Тоҷикистон дар ин робита муроҷиат кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...