Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар муколамаи роҳбарони давлатҳои арабӣ ва кишварҳои ОМ дар Ҷидда

Дар музофоти Ҷиддаи Арабистони Саудӣ имрӯз, 19 июл ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва кишварҳои халиҷи Араб баргузор мешавад. дар он дар баробари дигар Сарони давлатҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад. Тавре ки АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, интизор меравад муколамаи стратегӣ, ки 7 сентябри соли 2022 бо ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ […]

АМИТ "Ховар"

Дар музофоти Ҷиддаи Арабистони Саудӣ имрӯз, 19 июл ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва кишварҳои халиҷи Араб баргузор мешавад. дар он дар баробари дигар Сарони давлатҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.

Тавре ки АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, интизор меравад муколамаи стратегӣ, ки 7 сентябри соли 2022 бо ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ дар ар-Риёз ибтидо ёфта, минбаъд дар вохӯриҳо дар қароргоҳи Шӯрои Халиҷ дар сатҳи сафирони давлатҳои ҳар ду минтақа (охиринаш 16 январи соли 2023), ниҳоят, бо талошҳои пайгиронаи Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ д-р Нойиф Фалоҳ ал-Ҳаҷраф ҳангоми боздидаш аз давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи августи соли 2022 идома ёфта буд, дар ин нишаст дар сатҳи олӣ ба расмият дароварда шавад.

“Аҳамият ва самтҳову ҳадафҳои ин муколама ҳанӯз дар ҳамон ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ мушаххас шуда буд. Аз назари  коршиносон ва воқеанигорони араб, ки қаблан мулоҳиза карда будем, Осиёи Марказӣ барои давлатҳои сарватманди араб минтақаи нисбатан нав буда, бо боигариҳои табиию башарии худ иқтидори бузурги сармоягузории дарозмуддатро метавонад фароҳам орад”, – навиштааст дар мақолаи худ Шаҳлохон Муродалӣ, ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши  масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, Аз ин ҷост, ки солҳои охир таваҷҷуҳи шаш давлати арабии Халиҷ (Арабистони Саудӣ, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Баҳрайн, Давлати Қатар, Давлати Кувайт ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб) ба ин минтақа ба таври назаррас афзуда, ҳар яки он ҷудогона барои вуруд ба иқтисоди он талошҳо кардаанд.

Арабистони Саудӣ, ба ақидаи ӯ, аз бузургтарин ва сарватмандтарин давлатҳои арабӣ дар Халиҷ ба шумор рафта, гомҳои нахустро барои санҷиши набзи ҳамкорӣ бо кумакҳои бебозгашти зерсохторӣ тавассути Маркази Шоҳ Салмон оид ба имдод ва кумакҳои башардӯстона бардошта, то ҳол ҷиҳати иҷрои тарҳҳои зерсохторӣ ва иҷтимоӣ, хусусан сохтмон ва бозсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зиёди бебозгашт ҷудо намудааст.

Хотиррасон мешавад, ки Бунёди башардӯстонаи Шоҳ Абдуллоҳ панҷ клиникаи тиббии сайёрро бо арзиши тақрибии 20 млн доллари ИМА, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз шудаанд, барои расонидани ёрии тиббӣ ба Тоҷикистон тақдим намуд.

Сипас ба тадриҷ  Фонди Саудии Рушд дар чанд соли охир ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон рӯ оварда, барои бунёд ва навсозии лоиҳаҳои зерсохторӣ қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 300 ҳазор доллари ИМА тақдим намуд, ки он асосан ба бахшҳои беҳдоштӣ, маориф, нақлиёт ва обёрӣ равона карда шудааст.

Нақши Бонки исломии рушд, ки сармояи он асосан аз ҳисоби Арабистони Саудӣ ташаккул ёфтааст, дар рушди мамлакат тавассути бунёди лоиҳаҳои муҳим дар тамоми соҳаҳо мусбат ва арзанда ба ҳисоб меравад.

Гомҳои нахустро дар бахши башардӯстӣ Давлати Кувайт ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ бардошта, хусусан дар соҳаи тандурустӣ ва мубориза бо пандемия кумакҳои назаррас карданд. Дар ҳамин ҳол Давлати Қатар нисбат ба ин ду ҳамтои худ ба қадре боҷуръат ва пештоз ба назар мерасад.

Сафари расмии Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамадоли Сонӣ чанде пеш (5-8 июни соли 2023) ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо имзои як силсила созишномаҳои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ анҷом ёфт, ки иҷрои он Қатарро ба яке аз шарикони рушд ва давлатҳои муҳими сармоягузор дар иқтисодиёти минтақа метавонад мубаддал созад, бахусус, ки бахши хусусии он дар мисоли ширкати бузурги гуногунҷабҳаи «Диёр Қатар» кайҳо таҷрибаи кору ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро тавассути тарҳи «Диёр Душанбе» гирифтааст.

Тоҷикистон, ки дорои бузургтарин захираҳои оби тоза, неруи таҷдидшавандаи гирдоэнергетикӣ ва имконияти фаровон барои рушди иқтисоди «сабз» мебошад, дар навбати худ метавонад ба давлатҳои арабии Халиҷ барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ тарҳҳои ҷолиб ва ояндадори мутақобилан судманд ба нафъи минтақа пешниҳод намояд.

Коршинос изҳори итминон мекунад, ки саммити Ҷидда, ки бо сарпарастӣ ва мизбонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ба натиҷаву қарорҳои чашмдошти он наздикӣ ва ҳамгироии дастҷамъонаи бештари давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказиро дар амалӣ намудани ормонҳои рушду шукуфоии бемайлон, таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ҳамчунин ёдрас мешавад, ки дар фазои геосиёсии ҷаҳони муосир густариши ҳамгироии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ дар раванди таваҷҷуҳ ба бисёрқутбӣ, ки онро имрӯз ду абарқудрат- Русия ва Чин ташвиқ ва роҳандозӣ мекунанд, қарор мегирад.

“Бешубҳа, ин ду абарқудрат, ки Осиёи Марказӣ доираи нуфузи онҳо ба шумор меравад, бебаҳра нахоҳанд монд, зеро минтақаи Осиёи Марказӣ барои давлатҳои арабии Халиҷ метавонад як навъ равзана ва ё худ мадхали иловагӣ бошад. Он масофаро ба сӯи Русия ва Чин ва сохторҳои минтақавии онҳо, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай наздиктар хоҳад намуд”, – зикр мешавад дар фарҷоми мақолаи Шаҳлохон Муродалӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.