Манбаъ: мудири як мактаби ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба хонандаи 16-сола дастдарозӣ кард

Asia-Plus

Таҳқиқи парвандаи мудири як мактаб дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иттиҳоми дастдарозӣ ба хонанда қариб ба анҷом расидааст, менависад хабаргузории Осиёи Марказӣ.

Қазияи ин марди 62-сола аз тарафи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон тафтиш шуда, дар назар аст парванда рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол шавад.

Пайвандони мудири мактаб иттиҳомро қабул надоранд.

“Як манбаъ дар идораи пулиси Хатлон таъйид кард, ки Н.Н, ки мудири мактаб буд, ба як хонандаи 16-сола дастдарозӣ кардааст”, – омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот пас аз шикояти ҷабрдида дар авоили моҳи июн шурӯъ шудааст.

"Феълан Н.Н дар боздошт аст ва нисбаташ бо моддаи 139, қисми 2 банди Д, яъне ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ноболиғ парванда боз шудааст. Ҳарду тарафро муфатишони милиса пурсиданд ва бояд рӯзҳои наздик тафтишаш анҷом шуда, парванда ба додгоҳ равад”, – гуфтааст ӯ.

Дар сурати исботи гуноҳ, Н. Н. мумкин аст аз 7 то 12 сол зиндонӣ шавад.

Пайвандони ин мудири мактаб иттиҳомотро беасос медонанд. Яке аз бастагонаш, ки нахост, ки аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, мудири мактаб 62 сола аст ва “бовар кардан душвор аст, ки ӯ ба чунин амал даст бизанад”.

Дар гузашта низ боздошти омӯзгорон ба гумони озори ҷинсӣ ва таҷовузи хонандагон расонаӣ шуда буд.

Аз ҷумла, ду сол пеш омӯзгори як мактабро дар Душанбе ба гуноҳи таҷовузи хонандае ба 17 сол зиндон маҳкум карда буданд.

Тирамоҳи соли 2019 додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Норакро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, 17,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...