Се кӯҳнаварди хориҷӣ аз кӯҳҳои Тоҷикистон афтидаанд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Рӯзҳои 19 ва 20-уми июл се кӯҳнаварди хориҷӣ, ки дар кӯҳҳои ноҳияи Лахш ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сайр мекарданд, аз кӯҳ сарозер шуда афтидаанд. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ) онҳоро наҷот додаанд.

Ба иттилои КҲФ, ҳодисаи аввал рӯзи 19-уми июл дар қаторкӯҳҳои ноҳияи Лахш рух додааст: тақрибан соати 11:14 дақиқа ба қисми навбатдории Кумита дар бораи ҳодисаи нохуш хабар расидааст.

“Кӯҳнавард, шаҳрванди Белорусия Д.Л.Гракович соли таваллудаш 30-юми декабри соли 1986, сокини шаҳри Минск ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ аз баландӣ сарозер шуда, дар натиҷа осеби ҷисмонӣ бардоштааст”, – навиштааст КҲФ.

Гуфта мешавад, ки қабурғаи сайёҳ шикастааст.

Ин ниҳод гурӯҳи имдод ташкил карда, барои наҷоти сайёҳ фиристодааст ва онҳо бо воситаи чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба қуллаи “Москвина”-и ноҳияи Лахш рафтаанд.

“Аз сабаби мавҷуд набудани ҷойи нишаст барои чархбол имдодгарон аз он поён шуда, пои пиёда 6 километр роҳро тай намуда, кӯҳнавардро пайдо карданд. Ба муҷарради расидан аввалин ёрии тиббиро барояш расонданд. Аз сабаби он ки рӯз ҳам шаб шудаву роҳ торик шуда буд ва ин мавзеъ худ як мавъеи мушкилгузару хатарнок мебошад, интиқоли кӯҳгарди осебдидаро ба рӯзи 21-уми июл мавқуф гузоштанд”, – омадаанд дар хабар.

Ҳодисаи дуюми дархости кумак ба иттилои манбаъ, дирӯз, 20-уми июл, соати 15:30 дарёфт шудааст.

Ду нафар кӯҳнавардони хориҷӣ – шаҳрвандони Британияи Кабир – Майкл Алан Фоуйлер, соли таваллудаш 1956 ва Симон Андрев Ятес, соли таваллудаш 1963 аз тариқи телефони маҳвораӣ тамос гирифтаанд: онҳо бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар қаламрави ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, боло шудаанд, вале “сарозер шудаву сахт осеб дидаанд”.

“Тибқи дастури раиси КҲФ 10 нафар аз ҷумлаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ барои кумаки фаврӣ ба кӯҳнаврадони ҷабрдида ба қуллаи Патхор фиристода шуданд. Чун расидан ба ин қулла бо василаи чархбол аслан имкон надорад, ба наҷотдиҳандагон лозим омад, ки аз аспҳо ва гоҳи дигар аз таҷҳизоти махсуси кӯҳгардӣ истифода карда, ҳоло ба нуқтаи таъиншуда раванд.”, – афзудааст манбаъ.

КҲФ аз сокинон ва шаҳрвандони хориҷӣ хостааст, ки қабл аз сафар ба маконҳои пурхатар, фатҳи қуллаҳо дар ҳайати гурӯҳҳои гардишгарӣ ҳатман бояд худро ба хадамоти наҷот номнавис кунанд.

КҲФ ба ҳеч ваҷҳ маслиҳат намедиҳад, ки шаҳрвандон ба танҳоӣ барои сайри кӯҳҳо раванд.

“Агар рафту шуморо зарур омад, ба танҳоӣ кӯҳ рафтед, пас ҳатман ба пайвандону хешонатон хабар диҳед, самти ҳаракат ва вақту соати ҳаракати худ, инчунин қасдатон аз ин сафарро ҳатман бигӯед. Бо худ ҳатман либоси гарм, ғизо ва телефони мобилӣ гиред. Ва дар телефонатон ҳатман бояд рақами телефонҳои хадамоти наҷот сабт шуда бошад”, – таъкид кардааст КҲФ.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз омадани селҳо ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо барои имрӯз ва фардо, 21-22-юми июл, ҳушдор медиҳад.

Ба сокинони навоҳии кӯҳистониву доманакӯҳҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиҳои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...